Ба рухсатии бемузд рафтани 40%-и кормандони «Тоҷиктрансгаз»

Дар робита ба қатъи интиқоли гази табиӣ аз хориҷи кишвар аз аввали соли равон, ҶСК «Тоҷиктрансгаз» қариб нисфи кормандони худро ба рухсатии бемузд фиристод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари корхона Саидаҳмад Шарофиддинов хабар дод, онҳо маҷбур шудаанд, ки ин миқдор кормандонашонро ба рухсатии бемузд фиристанд, зеро масъалаи интиқоли газ аз Ӯзбекистон, ки аввали соли равон […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар робита ба қатъи интиқоли гази табиӣ аз хориҷи кишвар аз аввали соли равон, ҶСК «Тоҷиктрансгаз» қариб нисфи кормандони худро ба рухсатии бемузд фиристод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари корхона Саидаҳмад Шарофиддинов хабар дод, онҳо маҷбур шудаанд, ки ин миқдор кормандонашонро ба рухсатии бемузд фиристанд, зеро масъалаи интиқоли газ аз Ӯзбекистон, ки аввали соли равон сурат гирифта буд, то ҳанӯз ҳаллу фасл нашудааст.

Ба қавли С.Шарофиддинов, бозпас ба кор даъват кардани кормандони ба рухстиии бемузд фиристодашуда танҳо пас аз ҳалли мушкилоти камбуди гази табиӣ имконпазир мебошад.

Ёдрас мекунем, ки бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати шартномаи соли 2012, шурӯъ аз 31-уми декабри соли гузашта Ӯзбекистон интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро қатъ намуд. Кишвари ҳамсоя оид ба интиқоли ҳаҷми муайяни газ ба Чин ӯҳдадор буда, дар ин хусус соли гузашта зимни имзои қарордод хабар дода буд.

Бино ба маълумоти «Тоҷиктрансгаз», соли гузашта ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон 132,4 млн. метри мукааб гази табиӣ ворид шуд, ки нисбат ба соли 2011 ба миқдори 46,6 млн. метри мукааб камтар аст. Арзиши он 300 $ барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил дод. Мувофиқи қарордод, соли 2012 Тоҷикистон аз Ӯзбекистон бояд 145 млн. метри мукааб газ дастрас мекард. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...