Вазорати нақлиёт: Нақби «Шаҳристон» омода аст

Комиссияи давлатии қабули нақби «Шаҳристон» ба хулоса расид, ки корҳои асосии сохтмонӣ дар нақби «Шаҳристон» аслан бо сифати хуб ба анҷом расонида шудаанд. Дар ин бора Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Ба гуфтаи муовини аввали вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Ҷумъахон Зуҳуров, ҳайати комисия аз остонаи вуруд то баромад дохили нақбро санҷидаву муойина намуда, баъзе навоқисоти ҷузъиро […]

ASIA-Plus


Комиссияи давлатии қабули нақби «Шаҳристон» ба хулоса расид, ки корҳои асосии сохтмонӣ дар нақби «Шаҳристон» аслан бо сифати хуб ба анҷом расонида шудаанд. Дар ин бора Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ба гуфтаи муовини аввали вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Ҷумъахон Зуҳуров, ҳайати комисия аз остонаи вуруд то баромад дохили нақбро санҷидаву муойина намуда, баъзе навоқисоти ҷузъиро аз қабили аломатгузориҳо, пайваст нашудани асбобу дастгоҳҳои дохили нақб бо маркази электронии идора, иваз кардани банди лӯлаи обдиҳии оташнишони сохти чиноӣ ва амсоли инҳоро ошкор намуд, ки моҳиятан ислоҳи онҳо мушкиле нахоҳад дошт.

Интизорӣ меравад, ки дар фурсати наздиктарин ин камбудиҳо бартараф шуда, Комиссияи давлатӣ иншооти мазкурро пурра қабул хоҳад кард.

Муҳлати кафолатноки истифодаи иншоот як солро ташкил дода, мутобиқи қарордод, агар дар ин муддат ягон камбудиҳо рӯйи кор яонд, онро паймонкори кулл аз ҳисоби худ бартараф хоҳад намуд.

Дар давраи муҳлати кафолатнок нақб дар тавозуни Вазорати нақлиёт қарор хоҳад дошт. Пас аз итмоми муҳлати какафолатнок, иншоот ба тавозуни ширкати Iinnovative road solutions (IRS) супурда хоҳад шуд, ки ба идоракунии зерсохтори роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ машғул аст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 27-уми октябри соли гузашта бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маросими расмии мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нақби «Шаҳристон» доир гардид.

Нақби «Шаҳристон» дар километи 180-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, миёни ноҳияҳои Айниву Шаҳристон воқеъ буда, дарозии он 5 ҳазору 253 метрро ташкил медиҳад. Сохтмони нақби мазкур расман санаи 22-юми августи соли 2006 оғоз гардид.

Нақби мазкур яке аз қисматҳои лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ маҳсуб ёфта, аз ҳисоби қарзи Чин дар ҳаҷми ҳудуди 80 млн. доллари ИМА бунёд гардид. Паймонкори кулли сохтмони нақб ширкати чиноии China Road аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.