Суғд: Қатли бераҳмонаи як оилаи бутун

spot_imgspot_img

Дата:


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ афроди номаълум як оилаи бутун, аз ҷумла се нафар ноболиғонро ба қатл расониданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ин ҳодиса шаби рӯзи шанбе ба якшанбе дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба вуқӯъ пайваста, бо истифода аз силоҳи оташфишони автомат ҷинояткорон Аҳмадхӯҷа Бобоев, ҳамсари ӯ Ҳаётхон Бобоева, фарзандони ноболиғи онҳо – Рухшона Бобоеваи 16-сола ва Суҳробҷон Бобоеваи 15-соларо ба қатл расонидаанд.

«Санҷарбек Бобоев, кӯдаки 6-солаи оиларо ҷинояткорон дар ҳаммом маҳкам намуда, сипас аз сейф маснӯоти тилоӣ ба маблаги 30 ҳазор доллари ИМА-ро ғорат мекунанд ва баъди ин хонаро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд», – зикр мегардад дар итттилои вазорат.

Гуфта мешавад, ноболиғ Санҷарбек Бобоев низ аз дуди оташ заҳролуд гашта, дар ҳаммомхона ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манбаъ, дар робита ба ин ҳодиса бо фармони вазири корҳои дохилӣ гурӯҳи тафтишотӣ-оперативӣ таъсис дода шуда, муовини вазири корҳои дохилӣ роҳбари гурӯҳ мебошад. Аз рӯи ин ҳодиса аз ҷониби Прокуратураи вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти интизомии вилояти Суғд хабар дод, ин оила ба фурӯши маснӯоти тилоӣ машғул буда, яке аз фарзияи айни замон баррасишаванда ин аст, ки ҷинояткорон ба хотири азхуд кардани амволи кушташудагон ба ин амал даст задаанд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...