Чанде қабл мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон Дидие Леруа баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла, масоили вобаста ба ифтитоҳи расмии сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Париж, инчунин вазъи феълии сохтмони манораи назоратӣ-диспетчерӣ ва терминали нави фурудгоҳи байналмилалии Душанберо мавриди муҳокима қарор доданд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо инчунин мавзӯи хурӯҷи низомиёни Фаронса аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2014-ро низ муҳокима намуданд.



