Хатлон: Бунёди озмоишгоҳи кимиёвӣ дар Маркази бемориҳои дил

Рӯзҳои наздик дар назди Маркази бемориҳои дили вилояти Хатлон озмоишгоҳи биокимиёвӣ мавриди бахрабардорӣ қарор мегирад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори марказ Иброҳим Мӯсоев хабар дод, озмоишгоҳ дар доираи чорабиниҳои «Барномаи рушди низоми тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2012-2015» бунёд гардида, барои сохтмони он аз буҷети вилоят 30 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. «Озмоишгоҳ имкон медиҳад, […]

Сайраҳмон Назриев


Рӯзҳои наздик дар назди Маркази бемориҳои дили вилояти Хатлон озмоишгоҳи биокимиёвӣ мавриди бахрабардорӣ қарор мегирад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори марказ Иброҳим Мӯсоев хабар дод, озмоишгоҳ дар доираи чорабиниҳои «Барномаи рушди низоми тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2012-2015» бунёд гардида, барои сохтмони он аз буҷети вилоят 30 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. «Озмоишгоҳ имкон медиҳад, ки навъҳои гуногуни бемориҳои дилу раг саривақт ошкор ва муолиҷа карда шаванд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли Мӯсоев, аз буҷети вилоят ҳамчунин ҷиҳати харидани таҷҳизоти истеҳсоли Австрия барои ин озмоишгоҳ 40 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. «Соли 2010 аз буҷети вилоят барои сохтмони дармонгоҳи бемориҳои дили вилоятӣ 5 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардида, то имрӯз бинокорон корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи сеюми дармонгоҳро ба итмом расониданд ва ояндаи наздик он низ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.