Медалҳои тилои самбочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё

Дар мусобиқоти Чемпионати Осиё оид ба самбо дар Сеул (аз 31-уми май то 3-юми июн) гӯштигирони тоҷик 5 медали тило ба даст оварданд. Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 25 нафар варзишгарон намояндагӣ карданд. Қувваозмоиҳо дар пойтахти Кореяи Ҷанубӣ миёни наврасону ҷавонон (писарону духтарон) ва […]

ASIA-Plus


Дар мусобиқоти Чемпионати Осиё оид ба самбо дар Сеул (аз 31-уми май то 3-юми июн) гӯштигирони тоҷик 5 медали тило ба даст оварданд.

Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 25 нафар варзишгарон намояндагӣ карданд.

Қувваозмоиҳо дар пойтахти Кореяи Ҷанубӣ миёни наврасону ҷавонон (писарону духтарон) ва бузургсолон (мардону занон) дар ду навъи гуштӣ – самбои варзишӣ ва самбои размӣ сурат гирифтанд.

Дар мусобиқоти самбои варзишӣ миёни бузургсолон дар вазни 57 кило гӯштигири тоҷик Акмалиддин Каримов ба дарёфти медали тило ва унвони қаҳрамони Осиё ноил гардид. Миёни наврасону ҷавонон Хушқадам Хисравов (вазни 60 кило), Нозим Охиров (62 кило) ва Зафар Олимовшоев (82 кило) низ ба медали тилои мусобиқот соҳиб шуданд. Миёни духтарон Дилбархон Султонова (72 кило) медали тило ба даст оварда, ҳамчунин духтарони тоҷик ба гирифтани боз ду медалҳои нуқраву як биринҷӣ комёб гардиданд.

Дар мусобиқоти самбои размӣ гӯштигири тоҷик Акрам Собиров (вазни 74 кило) ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб гардид. Ғайр аз ин, дар мусобиқоти самбои варзишӣ гӯштигирони тоҷик ҳамчунин ба дарёфти боз ду медали нуқра ва се медали биринҷӣ низ комёб гардиданд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.