«Coca-Cola» аз ҳукумат дастгирӣ дархост дорад

spot_imgspot_img

Дата:


Ширкати маъруфи ҷаҳонии «Coca-Cola» аз ҳукумат дастгирии лоиҳаи бунёди корхона дар Тоҷикистон бо зарфияти 100 млн. литрро дархост дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита директори генералии ширкати «Coca-Cola нӯшокиҳои Тоҷикистон» Мустафо Метен хабар дод, барои оғози кори ширкат дар Тоҷикистон имтиёзҳои гумрукӣ ва андоз заруранд.

«Барои мо далели хароҷотпӯшонии лоиҳа муҳим аст, Тоҷикистон бошад, алҳол дар шумули кишварҳои дорои сатҳи пасти даромад аст, ки фоизи хатари тиҷорат зиёд буда, ин ба меъёри баланди фоизи қарзҳо дар бонкҳо ифода меёбад. Мо дар Тоҷикистон кор карданием, зеро ин бозорро ояндадор мешуморем», – гуфт ӯ.

Ба қавли директори генералии ширкат, бо роҳандозӣ шудани фаъолияти ширкат, 150 ҷойи кории мустақим (direct) ва беш аз 1,5 ҳазор ҷойи кории ғайримустақим (indirect) фароҳам оварда мешаванд.

«Ҳарчи зудтар ба фаъолият оғоз кардани мо ба имтиёзоти аз ҷониби давлат пешниҳодшуда вобаста буда, барои ҳар як ширкат ба даст овардани даромад муҳим аст. Дар навбати аввали мо дар ҳаҷми 30 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ намуда, ҳамчунин ба ҳукумат дар ҳалли мушкилоти бахши иҷтимоӣ кӯмак мекунем   ва ҳузури мо дар бозори Тоҷикистон бешак ба иқтисоди кишвар ва мавриди таваҷҷуҳи бештар будани он мусоидат хоҳад кард», – афзуд номбурда.

Популярное

Похожие материалы