КҲФ ва МГ ба эҳтиёткорӣ даъват мекунад

Дар мавсими гармо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукуматаи Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмононро ба эҳтиёткорӣ зимни оббозӣ дар обанбору ҳавзҳо даъват мекунад. Дар изҳороти интишоршудаи Кумита зикр мегардад, ки бо баланд шудани ҳарорати ҳаво ва оғози мавсими шиноварӣ  дар дарёҳо, обанборҳо, каналҳо ва ҳавзҳо, ки ба таҳдиди эҳтимоли ғаркшавии шаҳрвандон оварда мерасонад, аз […]

ASIA-Plus


Дар мавсими гармо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукуматаи Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмононро ба эҳтиёткорӣ зимни оббозӣ дар обанбору ҳавзҳо даъват мекунад.

Дар изҳороти интишоршудаи Кумита зикр мегардад, ки бо баланд шудани ҳарорати ҳаво ва оғози мавсими шиноварӣ  дар дарёҳо, обанборҳо, каналҳо ва ҳавзҳо, ки ба таҳдиди эҳтимоли ғаркшавии шаҳрвандон оварда мерасонад, аз ҳамагон  эхтиёткорӣ талаб карда мешавад.

Гуфта мешавад, мувофиқи маълумоти соли 2012, бар асари риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ 113 нафар ба ҳалокат расиданд ва то 30-юми майи соли ҷорӣ бошад, шумораи ғарқшудагон дар ҷумҳурӣ ба 20 нафар расидааст, ки он ниҳоят ташвишовараст.

«Бинобар  ин ба Шумо шаҳрвандон ва меҳмонони Тоҷикистон муроҷиат карда, хоҳиш ва тақозо дорем, ки барои ҳимояи ҳаёти худ ва наздиконатон ҳангоми истироҳат ва шиноварӣ дар наздикии дарёҳо, каналҳо ва обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоед ва аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда ва дарёҳои тезҷараён худдорӣ кунед», – омадааст дар изҳорот.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.