«Coca-Cola» аз ҳукумат дастгирӣ дархост дорад

Ширкати маъруфи ҷаҳонии «Coca-Cola» аз ҳукумат дастгирии лоиҳаи бунёди корхона дар Тоҷикистон бо зарфияти 100 млн. литрро дархост дорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита директори генералии ширкати «Coca-Cola нӯшокиҳои Тоҷикистон» Мустафо Метен хабар дод, барои оғози кори ширкат дар Тоҷикистон имтиёзҳои гумрукӣ ва андоз заруранд. «Барои мо далели хароҷотпӯшонии лоиҳа муҳим аст, Тоҷикистон […]

Заррина Эргашева


Ширкати маъруфи ҷаҳонии «Coca-Cola» аз ҳукумат дастгирии лоиҳаи бунёди корхона дар Тоҷикистон бо зарфияти 100 млн. литрро дархост дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита директори генералии ширкати «Coca-Cola нӯшокиҳои Тоҷикистон» Мустафо Метен хабар дод, барои оғози кори ширкат дар Тоҷикистон имтиёзҳои гумрукӣ ва андоз заруранд.

«Барои мо далели хароҷотпӯшонии лоиҳа муҳим аст, Тоҷикистон бошад, алҳол дар шумули кишварҳои дорои сатҳи пасти даромад аст, ки фоизи хатари тиҷорат зиёд буда, ин ба меъёри баланди фоизи қарзҳо дар бонкҳо ифода меёбад. Мо дар Тоҷикистон кор карданием, зеро ин бозорро ояндадор мешуморем», – гуфт ӯ.

Ба қавли директори генералии ширкат, бо роҳандозӣ шудани фаъолияти ширкат, 150 ҷойи кории мустақим (direct) ва беш аз 1,5 ҳазор ҷойи кории ғайримустақим (indirect) фароҳам оварда мешаванд.

«Ҳарчи зудтар ба фаъолият оғоз кардани мо ба имтиёзоти аз ҷониби давлат пешниҳодшуда вобаста буда, барои ҳар як ширкат ба даст овардани даромад муҳим аст. Дар навбати аввали мо дар ҳаҷми 30 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ намуда, ҳамчунин ба ҳукумат дар ҳалли мушкилоти бахши иҷтимоӣ кӯмак мекунем   ва ҳузури мо дар бозори Тоҷикистон бешак ба иқтисоди кишвар ва мавриди таваҷҷуҳи бештар будани он мусоидат хоҳад кард», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.