Пешгирии 6 ҳодисаи худкушӣ дар Суғд

Рӯзҳои аввали моҳи июн дар вилояти Суғд 6 ҳодисаи суиқасд ба худкушӣ ба қайд гирифта шуданд, ки миёни онҳо як ноболиғ ҳам ҳузур дорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, танҳо тасодуфан ба роҳгузарону наздикони онҳо муяссар шудааст, ки ин афродро аз марг наҷот бидиҳанд. Ба иттилои манбаъ, […]

Мавлуда Рафиева


Рӯзҳои аввали моҳи июн дар вилояти Суғд 6 ҳодисаи суиқасд ба худкушӣ ба қайд гирифта шуданд, ки миёни онҳо як ноболиғ ҳам ҳузур дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, танҳо тасодуфан ба роҳгузарону наздикони онҳо муяссар шудааст, ки ин афродро аз марг наҷот бидиҳанд.

Ба иттилои манбаъ, дар яке аз ҳодисаҳо наврасони 15-сола нафақахӯр аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки худро дар обанбори Қайроққум ғарқ карданӣ будааст, наҷот додаанд. Ҳамчунин боз як духтареро, ки аз пули «Юбилейный»-и шаҳри Чкаловск худро ба дарё партофтанӣ будааст, роҳгузарон наҷот додаанд.

Зимнан зикр гардид, ки тафтиши ҳодисаҳои мазкур ҷараён дошта, мақомот сабабҳои ба ин амал даст задани ин афродро таҳқиқ доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.