Ба адвокати тоҷири маъруф Зайд Саидов муяссар шуд, ки бо зерҳимояаш дар тавқифгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дидору гуфтушунид кунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шӯҳрат Қудратов, яке аз адвоакатҳои Зайд Саидов хабар дод, субҳи имрӯз адвокат зимни бозпурсии муфаттишон иштирок карда, ба ӯ ваъда додаанд, ки дар давоми рӯз барои гуфтушунид бо зерҳимоя шароит фароҳам меоваранд.. «Феълан ӯ худро хеле хуб ҳис намуда, табъаш ҳам болида аст», – иброз дошт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки қаблан адвокатҳо изҳор намуда буданд, ки аз болои амалҳои муфаттишон дар Прокуратураи генералӣ, ки ба вохӯрӣ бо зерҳимояашон имкон намедиҳанд, шикоят хоҳанд бурд. Бо зерҳимояашон онҳо бори охир рӯзи 29-уми май, ҳангоми расман пешниҳод шудани айбнома мулоқот доштанд.
Қобили зикр аст, ки ба Зайд Саидов алҳол танҳо тибқи моддаи 319, қ. 4-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд) айбнома пешниҳод шудааст. Айбнома бар асоси нишондоди собиқ директори корхонаи кимиёи шаҳри Исфара Низомхон Ҷӯраев, ки худ низ дар парвандаҳои дигари ҷиноятӣ айбдор карда мешавад, пешниҳод шудааст.
Низомхон Ҷӯраев баёнот додааст, ки замони дар мансаби вазири саноати Тоҷикистон қарор доштани Зайд Саидов (солҳои 2001-2007) барои пуштибонӣ аз ӯ ба вазир дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари ИМА пора додааст.
Ҳамчунин қаблан муовини роҳбари Агентии зиддифасод Милопар Бандишоев изҳор намуда буд, ки ин ҷо сухан сари пора гирифтани Зайд Саидов нарафта, гӯё зимни вазирӣ ӯ Ҷӯраевро маҷбур сохтааст, ки аз корхонаи «Тоҷикатлас ба нафъи ӯ даст кашад ва чун он замон корхонаи кимиёи Исфара дар тобеияти вазорати саноат қарор дошт, Ҷӯраев ночор маҷбур шудааст, ки корхонаро ба ихтиёри ӯ вогузорад.
Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.
Чанде қабл дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт дахолатнопазирии З.Саидов бекор шуд. Дар манзил ва дафтари кории З.Саидов кофтуков гузаронида шуд. Ӯ дар содир намудани як қатор ҷиноёти вазнини иқтисодӣ гунаҳкор дониста мешавад.
Санаи 22-юми май суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ҳабси тоҷир иҷозат дод. Рӯзи 24-уми май роҳбари Гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав», тоҷири маъруф Зайд Саидов аз бинои Агентии зиддифасод, ки аз замони боздошт дар он қарор дошт, ба тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Суди шаҳри Душанбе қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар мавриди чораи пешгирӣ нисбати Зайд Саидов дар шакли дар ҳабс нигоҳ доштанро бетағйир боқӣ гузошт.



