ФБД: Сохтмони терминал босуръат идома дорад

Сохтмони терминали нав барои мусофирон дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) босуръат идома дорад. Масоҳати умумии терминал 11 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, хизматрасонӣ ба 500 мусофир дар як соат ба назар гирифта шудааст. Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, ширкати сохтмонии «VINCI» аз 28уми ноябри соли соли 2012 ба сохтмони терминал шурӯъ кард. […]

ASIA-Plus


Сохтмони терминали нав барои мусофирон дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) босуръат идома дорад. Масоҳати умумии терминал 11 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, хизматрасонӣ ба 500 мусофир дар як соат ба назар гирифта шудааст.

Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, ширкати сохтмонии «VINCI» аз 28уми ноябри соли соли 2012 ба сохтмони терминал шурӯъ кард. «Айни ҳол корҳои вобаста ба бетонрезӣї пурра ба итмом расида, васл намудани конструксияҳои металлӣ идома дорад ва аз моҳи июл васли шабакаҳои муҳандисӣ-техникӣ оғоз мегардад», – иброз дошт сухангӯи ФБД.

Ба қавли номбурда, дар назар аст, ки терминали нав то охири соли 2014 ба истифода дода шавад.

Хотиррасон мекунем, ки терминали нав дар асоси қарордод миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Фаронса сохта мешавад. Маблағи умуми сохтмон 39 млн. евроро ташкил медиҳад, ки аз он 20 млн.-ро фурудгоҳи Душанбе ва  19 млн.-ро ҷониби Фаронса маблағгузорӣ мекунанд.

Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе аз бузургтарин фурудгоҳҳои кишвар ба ҳисоб рафта, интиқоли мусофирон ҳамасола рӯ ба афзоиш мениҳад. Соли 2012 аз ҷониби фурудгоҳи мазкур ба 1 349 164 мусофир хизмат расонида шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.