Канорравии БОР аз сармоягузорӣ ба лоиҳаи CASA-1000

Бонки осиёгии рушд (БОР) тасмим гирифтааст, ки аз иштирок дар амалисозии лоиҳаи рушди савдои электроэнергия дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) даст кашад. Дар лоиҳаи мазкур роҳандозии содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад. Бино ба иттилои нашрияи покистонии The Express Tribune , сабаби ин таҳдидҳои ноамнӣ ба Афғонистон унвон […]

Пайрав Чоршанбиев


Бонки осиёгии рушд (БОР) тасмим гирифтааст, ки аз иштирок дар амалисозии лоиҳаи рушди савдои электроэнергия дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) даст кашад. Дар лоиҳаи мазкур роҳандозии содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад.

Бино ба иттилои нашрияи покистонии

The Express Tribune

, сабаби ин таҳдидҳои ноамнӣ ба Афғонистон унвон мешавад.

Зикр мегардад, ки аз лоиҳаи CASA-1000 чун лоиҳаи сохтмони лӯлаи гази Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустонро ИМА фаъолона пуштибонӣ мекунад.

Як мансабдори воломақоми ҳукумати Покистон ба нашрмия изҳор намудааст, ки қаблан БОР маблағгузории 40%-и тамоми хароҷоти лоиҳаро ба нақша гирифта буд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан БОР ба сифати яке аз сармоягузорони асосии ин лоиҳа маҳсуб меёфт, вале соли гузашта бонк ба худдорӣ аз иштирок дар чорабиниҳои оид ба масоиили мамалисозии лоиҳа оғоз намуд.

Аввали соли равон Тоҷикистон аз БОР дархост намуд, ки иштирокаш дар таҳия ва амлисозии лоиҳаро барқарор кунад. Ҳамчунин дар ин робита ба қароргоҳи БОР аз номи чор кишвари иштирокчии лоиҳаи CASA-1000 нома-дархост ирсол гардид.

Ба маблағузории лоиҳа ҳамчунин Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки исломии рушд низ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ғайр аз ин, баҳри ҷалби сармоягузорон ба лоиҳа, ҳукумати Тоҷикистон ба дигар кишварҳову созмонҳо муроҷиат намуд. Интизорӣ меравад, ки Русия низ тавассути Фонди сармоягузории аврусоиёӣ дар ин лоиҳа ширкат меварзад.

Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», дар доираи лоиҳаи CASA-1000 Тоҷикистону Қирғизистон уҳдадор мешаванд, ки муддати 15 сол дар мавсими тобистон (аз моҳи май то сентябр) ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВт ва ба Афғонистон 300 МВт нерӯи барқ интиқол диҳанд, ки дар панҷ моҳ 5 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм интиқоли 2 млрд. кВт/соат ба дӯши Қирғизистон ва 3 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.

Арзиши умумии лоиҳаи CASA-1000 ба 953 млн. доллари ИМА баробар аст. Аз оғози бевоситаи амалисозии лоиҳаи мазкур аввали соли оянда интизорӣ рафта, анҷоми он соли 2017 дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.