Оғози фаъолияти корхонаи коркарди нафт дар ноҳияи Рӯдакӣ

Нимаи тобистони соли равон дар ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи коркарди маҳсулоти нафтӣ бо иқтидори солонаи 85 ҳазор тонна ба истифода дода мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори ҶСП «Ҳасан и Ко» Ҳасан Файзов дар ин робита хабар дод, корхона мутаалиқи Эрону Тоҷикистон буда, саҳми ҷонибҳо баробар – 50 ба 50 аст. «Дар корхона нафти хоми воридотӣ […]

Заррина Эргашева


Нимаи тобистони соли равон дар ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи коркарди маҳсулоти нафтӣ бо иқтидори солонаи 85 ҳазор тонна ба истифода дода мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори ҶСП «Ҳасан и Ко» Ҳасан Файзов дар ин робита хабар дод, корхона мутаалиқи Эрону Тоҷикистон буда, саҳми ҷонибҳо баробар – 50 ба 50 аст.

«Дар корхона нафти хоми воридотӣ аз Қазоқистон, Эрон, Русия ва дигар кишварҳо ва ҳамчунин ашёи хоми маҳаллӣ коркард шуда, маводи сӯзишворӣ, аз қабили бензину сӯзишвории дизелӣ, равғанҳои молиданӣ, битум ва ғайра истеҳсол хоҳад шуд», – гуфт ӯ.

Ба қавли Файзов, айни замон дар корхона корҳои насби таҷҳизоти аз Эрону Русия воридшуда ҷараён дошта, сипас корҳои насбу мавриди истифода қарор додан оғоз мегарданд. «Коркарди нафт дар дохили кишвар ба коҳиши нархи маҳсулоти нафтӣ дар бозори чакана имкон фароҳам меоварад», – изҳори умуедворӣ кард ӯ.

Номбурда ҳамчунин изҳор намуд, ки нақша доранд, дар минтақаи Балҷувон корҳои пармакунии чоҳро анҷом диҳанд ва тибқи лоиҳа, чуқурии чоҳ бояд 5 ҳазор метр ва маблағи умумии лоиҳа 50 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. «Ширкати мо ҷиҳати анҷом додани ин корҳо иҷозатнома дорад, вале корҳо пас аз дарёфти маблағгузор ба лоиҳа шурӯъ мешаванд», – афзуд директори корхона

.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.