Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Британия

Чанде қабл зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо роҳбари идораи Вазорати рушди байналмиллалии Британияи Кабир (DFID) оид ба Осиёи Марказӣ ҷаноби Боб Леверингтон ҷараёни ҳамкориҳои байниҳукуматиии ҷонибҳо ва имкониятҳои минбаъд вусъат додани он баррасӣ шуданд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумита, Давлаталӣ Саидов иброз дошт, ки ҳукумати […]

ASIA-Plus


Чанде қабл зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо роҳбари идораи Вазорати рушди байналмиллалии Британияи Кабир (DFID) оид ба Осиёи Марказӣ ҷаноби Боб Леверингтон ҷараёни ҳамкориҳои байниҳукуматиии ҷонибҳо ва имкониятҳои минбаъд вусъат додани он баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумита, Давлаталӣ Саидов иброз дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамкориҳои судманди Вазорати рушди байналмиллалии Британияи Кабир дар риштаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон аз ҷумла идоракунии давлатӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, хоҷагидорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, тандурустӣ баҳои баланд медиҳад.

Изҳори назар карда шуд, ки дар доираи лоиҳа Дастгирии ҳамоҳангсозии самараноки миллии кӯмаки беруна ва пешбурди сармоягузорӣ харитаи кўмаки беруна таъсис дода шуд, ки ин раванд имконият медиҳад, барои иттилои саривақтӣ ва тақсими кўмаки беруна ба бахшҳо ва минтақаҳо мусоидат намояд. Ҳамзамон дар доираи лоиҳаи мазкур имконият медиҳад, ки дар режми онлайнӣ тамоми маълумотҳоро доир ба кўмаки беруна саривақт дар намуди ҳисоботҳо диаграммаҳо ва фазои ҳолати кўмаки беруна дар Тоҷикистон муайян карда шавад.

Ҷаноби Боб Леверингтон оид ба татбиқи барномаҳои Вазорати рушди Байналмиллалии Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 –ум иттилоъ дод.

Ҷонибҳо ҷиҳати давом додани ҳамкории зич ва амалӣ намудани қадамҳои мушаххас барои ба роҳ мондани ҳамкории судманди дуҷониба омодагии худро баён намуданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.