Таҷҳизоти ИА ба муассисаҳои омори тиббӣ ва САҲШ

spot_imgspot_img

Дата:


Иттиҳоди Аврупо ба муассисаҳои омори тиббӣ ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ)-и Тоҷикистон ба маблаги 350 ҳазор евро таҷҳизоти компютерӣ тақдим кард.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, дар доираи лоиҳаи «Таҳвили таҷҳизоти ИТ баҳри дастгирии таҳкими низоми иттилоотии бахши тандурустии Тоҷикистон» Иттиҳоди Аврупо муассисаҳои омори тиббӣ ва САҲШ-ро бо 318 компютер, 160 принтер, 4 проектор, 240 модем ва 4 сервер таъмин намуд.

Ба иттилои манбаъ, таҷҳизоти мазкур бо мақсади беҳбуди сифати гирдоварии маълумот дар бораи вазъи солимии аҳолӣ дар саросари кишвар, дастгирии қабули қарорҳои асоснок, дарки беҳтари маҳсулнокӣ дар бахши тандурустӣ ва истифодаи бештар пурсамари захираҳо истифода хоҳад шуд.

«Табодули маълумот дар бораи вазъи солимии аҳолӣ ва сифати хизматгузориҳоии тиббӣ ба мақомоти раҳбарии низоми тандурустӣ имкон медиҳад, ки баҳри беҳбуди солимии мардум қарорҳои дурусту мувофиқи мақсад қабул намоянд», – иттилоъ медиҳад маркази матбуоти вазорат.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...