Таҷҳизоти ИА ба муассисаҳои омори тиббӣ ва САҲШ

Иттиҳоди Аврупо ба муассисаҳои омори тиббӣ ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ)-и Тоҷикистон ба маблаги 350 ҳазор евро таҷҳизоти компютерӣ тақдим кард. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, дар доираи лоиҳаи «Таҳвили таҷҳизоти ИТ баҳри дастгирии таҳкими низоми иттилоотии бахши тандурустии Тоҷикистон» Иттиҳоди Аврупо муассисаҳои омори тиббӣ ва САҲШ-ро бо 318 компютер, 160 […]

ASIA-Plus


Иттиҳоди Аврупо ба муассисаҳои омори тиббӣ ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ)-и Тоҷикистон ба маблаги 350 ҳазор евро таҷҳизоти компютерӣ тақдим кард.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, дар доираи лоиҳаи «Таҳвили таҷҳизоти ИТ баҳри дастгирии таҳкими низоми иттилоотии бахши тандурустии Тоҷикистон» Иттиҳоди Аврупо муассисаҳои омори тиббӣ ва САҲШ-ро бо 318 компютер, 160 принтер, 4 проектор, 240 модем ва 4 сервер таъмин намуд.

Ба иттилои манбаъ, таҷҳизоти мазкур бо мақсади беҳбуди сифати гирдоварии маълумот дар бораи вазъи солимии аҳолӣ дар саросари кишвар, дастгирии қабули қарорҳои асоснок, дарки беҳтари маҳсулнокӣ дар бахши тандурустӣ ва истифодаи бештар пурсамари захираҳо истифода хоҳад шуд.

«Табодули маълумот дар бораи вазъи солимии аҳолӣ ва сифати хизматгузориҳоии тиббӣ ба мақомоти раҳбарии низоми тандурустӣ имкон медиҳад, ки баҳри беҳбуди солимии мардум қарорҳои дурусту мувофиқи мақсад қабул намоянд», – иттилоъ медиҳад маркази матбуоти вазорат.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.