Ноиби президенти БОР дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки осиёии рушд Шиаоу Жаоро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Бонки осиёии рушд баррасӣ шуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи солҳои ҳамкории дуҷониба аз ҷониби Бонки осиёии рушд барои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон […]

ASIA-Plus


Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки осиёии рушд Шиаоу Жаоро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Бонки осиёии рушд баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи солҳои ҳамкории дуҷониба аз ҷониби Бонки осиёии рушд барои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон наздики 1 миллиард доллари амрикоӣ дар шакли қарзҳои имтиёзнок, грант ва кӯмаки техникӣ ҷудо гардидааст. Ҳоло бо маблағи 600 миллион доллари амрикоӣ аз ин бонк, ки аксари кулли он гарнт мебошад, дар соҳаҳои энергетика, роҳсозӣ, молияи давлатӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки Тоҷикистон лоиҳаҳои сершумор татбиқ мегарданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки осиёии рушд барои дастгирӣ аз рушди иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос карда, изҳори боварӣ намуд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки дигар низ, аз ҷумла барои аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардани кишвар ва таъмини амнияти энергетикӣ, тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Президенти кишвар барои маблағгузории таҳияи лоиҳаи сохтмони қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон арзи сипос карда, ҳамчунин изҳори боварӣ намуд, ки Бонки осиёии рушд аз сохтмони ин роҳ низ дастгирӣ хоҳад кард.

 Ҳамчунин доир ба масъалаи кашидани хатти интиқоли нерӯи барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000) ва дигар лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.