Раиси БМТ: Низоми бонкӣ ба камбуди захираҳо дучор шуд

Дар маросими муаррифии таъсиси аввалин Бюрои қарзиву иттилоотӣ дар Тоҷикистон раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Ширинов изҳор намуд, ки низоми бонкии кишвар ба мушкилоти камбуди захираҳои молиявӣ дучор шудааст. Ба гуфтаи вай, «барои низоми бонкии Тоҷикистон масъалаи қарздиҳӣ дар маҷмӯъ «дардовар» буда, агар ҳаҷми қарзҳои бонкиро бо сармояи онҳо муқоиса намоед, дарвоқеъ ҳам низоми бонкии […]

Заррина Эргашева


Дар маросими муаррифии таъсиси аввалин Бюрои қарзиву иттилоотӣ дар Тоҷикистон раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Ширинов изҳор намуд, ки низоми бонкии кишвар ба мушкилоти камбуди захираҳои молиявӣ дучор шудааст.

Ба гуфтаи вай, «барои низоми бонкии Тоҷикистон масъалаи қарздиҳӣ дар маҷмӯъ «дардовар» буда, агар ҳаҷми қарзҳои бонкиро бо сармояи онҳо муқоиса намоед, дарвоқеъ ҳам низоми бонкии мо имрӯз ба мушкилоти бузурги норасоии захираҳо рӯ ба рӯ аст».

«Аз ин рӯ, қисми зиёди воситаҳои тавассути низоми бонкӣ барои сармоягузорӣ равонашуда ба воситаҳои амонатӣ дохиланд, ки маъмулан кӯтоҳмуҳлат буда, истифодаи онҳо барои қарздиҳии дарозмуҳлат ғайриимкон мебошад», – иброз дошт ӯ.

Раиси БМТ гуфт, аз ҷониби мақомоти дахлдор барои ҷалби «маблағҳои бештар дарозмуҳлат» ҷиҳати таъмини қарзҳои дарозмуҳлат тадбирҳои зиёде андешида мешаванд, «вале дар ин самт мо то ҳанӯз камбудиҳои зиёде дорем».

Дар робита ба ифтитоҳи аввалин Бюрои қарздиҳиву иттилоотӣ Ширинов зикр кард, ки фаъолияти он ба ҷалби бештари захираҳо барои қарздиҳӣ ба иқтисоду аҳолии кишвар имкон фароҳам меоварад.

Муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон низ мавҷудияти «мушкилоти зиёд» дар бахши қарзиву молиявии кишвар, бахусус дар қарзҳои мақсаднокро таъкид намуда, изҳор кард, ки «мо дигар аз бонкҳо дархост намекунем, ки қарзҳои мақсаднок пешниҳод намоянд».

«Акнун агар барои ҳукумат зарур бошад, ба Вазорати молия муроҷиат мекунад ва ба бахши мазкур ҳукумат дигар дахолат нахоҳад кард», – иброз дошт муовини нахуствазир.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.