Варзишгоҳҳои пойтахт рӯзи шанбе бепул кор мекунанд

Шурӯъ аз 15-уми июн рӯзи шанбеи ҳар ҳафта дар пойтахти ҷумҳурӣ Рӯзҳои варзишу солимгардонӣ баргузор мешаванд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар робита ба инобати дастури сарвари давлат дар мулоқот бо ҷавонон ва бо мақсади рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, оммавӣ гардонидани машғулиятҳои варзишию солимгардонӣ, ҷалби бештари аҳолӣ ба машқҳои сабуки […]

ASIA-Plus


Шурӯъ аз 15-уми июн рӯзи шанбеи ҳар ҳафта дар пойтахти ҷумҳурӣ Рӯзҳои варзишу солимгардонӣ баргузор мешаванд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар робита ба инобати дастури сарвари давлат дар мулоқот бо ҷавонон ва бо мақсади рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, оммавӣ гардонидани машғулиятҳои варзишию солимгардонӣ, ҷалби бештари аҳолӣ ба машқҳои сабуки варзишӣ ва дар ин замина таъмин намудани солимгардониву болидарӯҳии сокинони пойтахт қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев содир шуд.

Ба иттилои манбаъ, раиси пойтахт супориш дод, ки рӯзҳои шанбе тамоми иншооти варзишӣ, ки аз ҳисоби буҷети шаҳрӣ маблағгузорӣ мешаванд, барои аҳолӣ ройгон хизматгузорӣ кунанд.

Ҳамчунин мақомоти шаҳрдорӣ аз тамоми роҳбарони сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ ва хусусӣ сарфи назар аз шакли моликият, даъват ба амал овард, ки дар кори рӯзҳои шанбе баргузор намудани омодагии ҷисмонии аҳолӣ ва чорабиниҳои варзишӣ саҳм бигиранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.