Дафтарҳои кории гурӯхи ташаббускорони таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» муҳр карда шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Маҳмудҷон Қосимов, яке аз аъзои ин гурӯҳ хабар дод, дафтарҳои кории воқеъ дар маҷмааи «Гуслистон Тур» дарҳол баъди ба ҳабс гирифтани раиси гурӯҳи ташаббускор Зайд Саидов муҳр зада шуданд.
«Ҳарчанд дар айбдориҳои расмӣ нисбати ҳизб ягон даъво набуда, ҳамаи айбҳо танҳо ба фаъолияти шахсии Зайд Саидов бастагӣ дошта бошанд ҳам, ба ҳар ҳол, дафтарҳои кории мо муҳр зада шуданд. Аз ин рӯ, метавон хулоса намуд, ки тамоми қазияи атрофи Саидов ба қарори ӯ дар бораи таъсиси ҳизби нав марбут аст», – гуфт Қосимов.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи апрел дар Душанбе аз таъсиси як ҳизби нави сиёсӣ бо номи «Тоҷикистони нав» иттилоъ дода шуда, дар ҷаласаи махсус Эъломия дар ин хусус қироат карда шуд.
Раиси Шӯрои ҳамоҳангсози Иттиҳоди анҷуманҳои тиҷоратии Тоҷикистон Зайд Саидов, муовини аввали раиси Шӯрои мазкур ва раиси Анҷумани миллии менеҷерони Тоҷикистон Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов ва як зумра роҳбарони дигар иттиҳодияҳои тиҷоратии шомил ба Шӯрои ҳамоҳангсоз аз ҷумлаи ташаббускорони таъсис додани ҳизб унвон шуданд.
Ташаббускорони ҳизби нав изҳор намуданд, ки «Тоҷикистони нав» як платформа барои муттаҳидсозии андешаву ғоя, шахсиятҳо ва имконот баҳри созандагии миллӣ буда, ҳизбро воқеъгароён, навоварон, технократҳо ва ҳирфаиён намояндагӣ хоҳанд кард.
Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид. Дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт дахолатнопазирии З.Саидов бекор шуд. Дар манзил ва дафтари кории З.Саидов кофтуков гузаронида шуд.
Санаи 22-юми майи соли равон суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ҳабси тоҷир иҷозат дод. Рӯзи 24-уми май роҳбари Гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав», тоҷири маъруф Зайд Саидов аз бинои Агентии зиддифасод, ки аз замони боздошт дар он қарор дошт, ба тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Суди шаҳри Душанбе қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар мавриди чораи пешгирӣ нисбати Зайд Саидов дар шакли дар ҳабс нигоҳ доштанро бетағйир боқӣ гузошт.
Чанде қабл Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои Зайд Саидов изҳор намуд, ки парвандаи ҷиноӣ нисбати ташаббускори ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов
муҳри «махфӣ»
гузошта шудааст.



