«Кнауф» ба бозори Тоҷикистон ворид шуданист


Дар шаҳри Берлин сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов бо мудири иҷроия ва ваколатдори ширкати олмонии «Кнауф» дар кишварҳои ИДМ Александр Блумҳардт мулоқот анҷом дод.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳи хориҷии ҷумҳурӣ, дар сӯҳбат масъалаҳои густариши ҳамкориҳои ширкати мазкур бо Тоҷикистон, имкониятҳои сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонии «Кнауф» дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 Намояндаи ширкати «Кнауф» дар бораи сиёсати сармоягузории ширкат ва нақшаҳои тавсеаи фаъолияти он дар Тоҷикистон маълумот дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки ширкати «Кнауф» ба коркарди истеҳсолии манбаҳои гачу оҳаксанг ва таъсиси корхонаҳои истеҳсоли маводи сохтмонӣ дар Тоҷикистон бо ҷалби захираҳои меҳнатии маҳаллӣ алоқамандии зиёд дорад. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба ҷузъиёти сафари дарпешистодаи коршиносони ширкати «Кнауф» ба Тоҷикистон табодули назар сурат гирифт. 

Гурӯҳи байналмилалии ширкатҳои «Кнауф» яке бузургтарин истеҳсолкунандагони масолеҳи сохтмонӣ дар ҷаҳон ва пешвои бозори ҷаҳонӣ дар соҳаи истеҳсол ва содироти мавод аз гач маҳсуб мешавад. «Кнауф» – бузургтарин ширкати сармоягузори Олмон дар соҳаи сохтмон мебошад ва дар тӯли 80-соли фаъолияти худ дар 60 кишвари ҷаҳон таъсиси 220 корхонаи истеҳсоли масолеҳи мухталифи сохтмониро сармоягузорӣ кардааст.

spot_imgspot_img

Популярное