Аудитҳои Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ оғоз мегарданд

Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вакилон бидуни баррасӣ якдилона тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Қонуни ҶТ «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ»-ро дастгирӣ намуданд. Зимни суханронӣ оид ба ин масъала раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Дилмурод Давлатов изҳор намуд, ки тағйироти пешниҳодшуда ба аудиторон ҷиҳати баргузор намудани аудити берунӣ дар мавриди санҷиши истифодаи воситаҳои […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вакилон бидуни баррасӣ якдилона тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Қонуни ҶТ «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ»-ро дастгирӣ намуданд.

Зимни суханронӣ оид ба ин масъала раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Дилмурод Давлатов изҳор намуд, ки тағйироти пешниҳодшуда ба аудиторон ҷиҳати баргузор намудани аудити берунӣ дар мавриди санҷиши истифодаи воситаҳои буҷетӣ ҳуқуқ медиҳанд.

«Ғайр аз ин, аудиторон ба доир намудани санҷиш дар муассисаҳои ғайридавлатӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ дастгирӣ мешаванд, низ ҳуқуқ прайдо мекунанд», – таъкид кард Давлатов.

Қобили зикр аст, ки мақоми олии давлатӣ дар соҳаи назорати молия – Палатаи ҳисоби ҶТ тобистони соли 2011 таъсис дода шуд. Палатаи ҳисоб ба сарвари давлат ва парлумони кишвар ҳисоботдеҳ аст.

Мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, сараудиторони Палатаи ҳисоб бо пешниҳоди президент аз ҷониби палатаи поёнии парлумон ба муҳлати ҳафт сол таъин шуда, як нафар ҳуқуқ надорад, ки бештар аз ду мӯҳлат ба ин мансаб таъин гардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.