Ш.Қудратов: Файзи Олӣ ниҳоди адвокатураро «доғдор» кард


Шуҳрат Қудратов, адвокати Димон Ашӯров, ки аз ҷониби суд ба даст доштан дар рӯйдодҳои Хоруғ гунаҳкор дониста шуд, ба

гуфтаҳои адвокат Файзи Олӣ

оид ба парвандаи ҷиноӣ нисбати Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев пас аз баррасии шикояти кассатсионӣ розӣ нест.

«Хотиррасон карданиам, ки дар ин парванда ман аз манфиатҳои Ашӯров ҳимоят кардам. Бо гуфтаҳои Файзи Олӣ комилан розӣ набуда, ҳукми Суди олии ҶТ аз 10-уми май нисбати Димон Ашӯровро ғайриқонунӣ ва беадолатона мешуморам. Ҳукм бар асоси танҳо далелҳои ғайримустақим ва шубҳанок содир шуд. Дар парванда далелҳои мустақими собиткунандаи иштироки Д.Ашӯров дар рӯйдодҳои Хоруғ мавҷуд нестанд», – иброз дошт адвокат.

Ба андешаи ӯ, аз нигоҳи ахлоқиву маънавӣ Файзи Олӣ ба айбдоркунии зерҳимояи ӯ ҳуқуқ надорад. «Бо ин гуфтаҳои худ ӯ на ҳамчун адвокат, балки ба сифтаи муфаттиш ё айбдоркунандаи давлатӣ амал карда, бо ин изҳороти худ ниҳоди адвокатураи ҷумҳуриро «доғдор» мекунад. Ғайр аз ин, изҳороти ӯ ба ахлоқи адвокатӣ созгор набуда, мухолифи қонун дар бораи фаъолияти адвокатӣ аст», – мутмаин аст Қудратов.

spot_imgspot_img

Популярное