Имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Ҳукми қатл ва ҳабси абад ҳамчун навъҳои ҷазо дар Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор мешавад.
Чорабинӣ аз ҷониби Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқҳои инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва намояндагии Penal Reform International (Ислоҳоти байнулмилалии зиндонҳо) дар Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо созмон дода мешавад. Ҳадафи лоиҳаи мазкур тадриҷан аз байн бурдани ҳукми қатл ҳамчун чораи ҷазои ниҳоӣ мебошад.
Бино ба иттилои созмондиҳандагони чорабинӣ, дар кори мизи мудаввар вакилони парлумони ҶТ, роҳбарони мақомоти давлатӣ, намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ ширкат меварзанд. Дар чорабинӣ стратегияи истифодаи ҷазои ниҳоӣ ва ҷорӣ намудани алтернативаҳо (чораҳои ҷойгузин)-и он дар Тоҷикистон баррасӣ ва ба риштаи таҳлил кашида мешавад.
Таври маълум, тайи 50 соли ахир дар саросари ҷаҳон тамоили аз байн бурдани ҳукми қатл ва маҳдуд сохтани соҳаҳои истифодаи он ба мушоҳида мерасад. Бо назардошти тамоили мазкур, соли 2004 Тоҷикистон ба ҳукми қатл моратория эълон кард. Соли 2010 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ фаъолияти ба пурра бекор кардани ҳукми қатл равонашударо ҳамчун яке аз афзалиятҳо тасдиқ намуд. Худи ҳамин сол бо фармони президенти Тоҷикистон оид ба омӯзиши ҷанбаи иҷтимоиву ҳуқуқии имкони бекор кардани ҳукми қатл гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.



