ALLplan низоми гармидиҳии Кӯлобро барқарор мекунад

Date:


Як гурӯҳи мутахассисони ширкати австриягии  ALLplan  аз шаҳри Кӯлоб боздид намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Кӯлоб Суҳробшо Фаррухшоев хабар дод, бо ширкати австриягӣ дар бораи барқарор намудани низоми гармидиҳӣ дар ду микрорайони бузурги шаҳри Кӯлоб – ба номи Шоҳин ва Борбад мувофиқаи усулӣ ҳосил шудааст.

Ба қавли ӯ, мушкилот дар он аст, ки солҳои 90-уми асри гузашта низоми гармидиҳии шаҳри Кӯлоб комилан хароб гардида, минбаъд зерсохтори мутааллиқи он хусусӣ гардонида шуданд.

«Зимни мулоқот бо намояндагони ширкати австриягӣ маълум шуд, ки онҳо аз чунин душвориҳо ҳарос надоранд», – иброз дошт номбурда ва илова намуд, ки дегхонаҳо бо назардошти маҳдудияти интиқоли барқ, яъне бо истифода аз сӯзшвории алтернативӣ сохта мешаванд.

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омода аст, ки маблағгузории ин корҳоро ба дӯш гирад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...