Авҷи мавсими алафдаравӣ дар фурудгоҳи пойтахт

Date:


Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе даври дуюми даравидани алаф шурӯъ шуд. Майдони умумии алафҳо 110 га- ро ташкил медиҳад.

Тавре сухангӯи ФБД Муҳаммаюсуф Шодиев хабар дод, кормандони хадамоти аэродром ва хадамоти хизматрасониҳои рӯизаминӣ даври аввали дарави алафро анҷом дода, ҳамакнун ба дарави дуюм шурӯъ карданд.

Муҳандиси пешбари хадамоти аэродром Абдухолиқ Абдухолиқов иброз дошт, ки алафи майдони фурудгоҳ ба хотири таъмини бехатарии парвозҳо даравида мешавад. «Саривақт ва хушсифат даравидани алаф имкон медиҳад, ки паррандагон фурсати лонагузорӣ наёбанд, ғӯраи алаф нарезад, то паррандагон ҷалб нашаванд. Дар сурати  дар ҳудуди фурудгоҳ ҳамъ шудани паррандагон, эҳтимолияти бархӯрд бо ҳавопаймоҳо зиёд мешавад», – иброз дошт А. Абдухолиқов.

Фурудгоҳ ҳамасола воситаҳои гуногуни аз ҳисоби фаъолияти ғайриавиатсионӣ пур кардани хазинаро ҷустуҷӯ менамояд ва як омили он ба фурӯш баровардани алафи даравидашуда аст. То имрӯз алафи даравидашуда қисман ба кормандони фурудгоҳ ва асосан ба хоҳагии деҳқонии «Сабзикор»-и ноҳияи Рӯдакӣ фурӯхта шуд. Хоҷагии деҳқонии «Сабзикор» то имрӯз аз ҳисоби фурудгоҳ 91 тележка алаф захира намудааст.

Дар мавсими алафдаравӣ аз 6 трактор, 5 комбайни алафдарави КИР-1,5 ва 7 тележка истифода бурда мешавад.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз калонтарин фурудгоҳҳои кишвар ба ҳисоб рафта, интиқоли мусофирон ҳамасола рӯ ба афзоиш мениҳад. Соли 2012 ба 1 349 164 мусофир хизмат расонида шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...