Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ масъалаи тасдиқи Созишномаи миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдиди рушд оид ба лоиҳаи беҳбуди бахши обтаъминкунии шаҳрҳои минтақаи ҷанубу шимоли кишвар баррасӣ шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуоти палатаи поёнии парлумон Муҳаммато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯрои МНМО ҶТ ҳамчунин тағийроти аз ҷониби ҳукумати пешниҳодшуда ба қонунҳо «Дар бораи мақомоти прокуратураи Тоҷикистон», «Дар бораи муҳоҷират» ва «Дар бораи фаъолияти суғурта (бима)» низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамаи масъалаҳои дар ҷаласаи Шӯро муҳокимашуда ҷиҳати баррасӣ ва қабул ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки рӯзи 26-уми июн баргузор мегардад, пешниҳод карда мешаванд.


