Баррасии мушкилоти афроди имконияташон маҳдуд дар Кӯлоб

Date:


Имрӯз дар Кӯлоб таҳти унвони «Рушди ҳамкориҳои байнисоҳавӣ дар пешгирии маъюбӣ» конфронси умумиҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Конфронс аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, комиссияи тиббӣ-меҳнатии коршиносӣ ва институти ташхис ва барқароркунии коршоямии маъюбон созмон дода шуд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» созмондиҳандагони конфронс хабар доданд, айни замон дар ҷумҳурӣ ҳудуди 180 ҳзор нафар маъюбон ба қайд гирифта шуда, беш аз 30 ҳазор нафари онҳо кӯдакон мебошанд. Ба қавли ҳамсуҳбатон, қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» хуб таҳия шуда, аммо дар амалисозии қонунҳои бевосита ба маъюбон дахлдошта мушкилот вуҷуд дорад.

Масалан, мувофиқи Кодекси меҳнати Тоҷикистон, давомнокии рӯзи корӣ барои маъюбон набояд аз 6 соат зиёдтар бошад ва онҳо баробар бо коргарони солиме, ки дар як рӯз 8 соат фаъолият доранд, музди меҳнат мегиранд. Гузашта аз ин, барои ин гурӯҳи шахсон бояд таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, шароитҳои муосиди фаъолият муҳайё карда шаванд, ки дар ин робита корфармо кӯшиш мекунад, ки ин гуна афродро ба кор қабул накунад.

«Барои иштироки фаъолонаи маъюбон дар ҳаёти ҷомеа, зерсохтори зарурӣ мебояд бунёд кард ва баъзан миёни идораҳои танзимкунандаи масоили ҳаёт ва фаъолияти маъюбон нофаҳмиҳо ба вуҷуд меоянд, ки ҷиҳати ҳалли фаврии мушкилоти онҳо монеъа эҷод месозад», – зикр карданд иштирокдорони конфронс.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...