Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров аслан бовар надорад, ки интихоботи президентии соли 2013 шаффоф ва демократӣ хоҳад гузашт.
Дар ин бора мавсуф дар сӯҳбати телефонӣ ба ИО «Азия-Плюс» ҳангоми баррасии пешбарии номзадиаш дар маъракаи интихоботӣ таъкид дошт.
Зойиров ҳангоми баҳогузории воқеии имкониятҳои худ дар интихоботи президентӣ гуфт, ки имрӯз имкониятҳояш ба худи ӯ вобаста нестанд, чунки ҳукумат ва Ҳизби халқӣ-демократӣ ҳокимиятро ғасб кардаанд.
Ба гуфтаи Зойиров, дар ҳар сурат ӯ азми ширкат варзиданро дар интихобот дорад. Ӯ таъкид дошт, ки агар дар рафти маъракаи интихоботӣ ҳадди ақал мардум аз бедории неруҳои демократӣ бархӯрдор шаванд ва ба дарки тарзи воқеии баргузории интихоботи президентӣ раванд, ӯ аллакай худро пирӯз ҳисоб мекунад.
Зойиров ҳамчунон илова кард, ки аз 1-уми июли соли ҷорӣ сомонаи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ мекунад ва дар он муҳокимаи идея ва ақидаҳои номзад аз ҳизби мазкур баррасӣ хоханд шуд.


