Бар асари як садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ чор нафар ба ҳалокат расиданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл ҳангоми ҳаракат дар километри 316-уми роҳи мошингарди мазкур ронандаи автомашинаи тағаи «Опел_Астра» Бахтиёр Алиеви 26-сола аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд. «Дар натиҷа автомашинаи ӯ ба автомашинаи ҳамин тамға таҳти идораи Заррина Ҳакимоваи 36-сола бармехӯрад», – гуфтанд дар Раёсати ВКД.
Ба иттилои манбаъ, бар асари бархӯрди автомашинаҳо ронандагон ва ду мусофири дохили воситаҳои нақлиёт дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Бино ба маълумоти Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 5 моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 114 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли гузашта – 95 ҳодиса) ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асари он 45 нафар (5 моҳи соли 2012 – 46 нафар) ҳалок ва 119 нафар (5 моҳи соли 2012 – 96 нафар) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.


