Тӯли се шабонарӯзи сипаришуда кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар доираи баргузории амалиёти «Кӯкнор-2013» беш аз 200 кило маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира намуданд.
Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи АНМН, амалиёти якумро бо истифодаи усули «таҳвили назоратшаванда» кормандони оперативӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд гузаронида, дар натиҷа 50 кг ҳашиш мусодира карданд.
Ба иттилои манбаъ, кормандони Агентӣ амалиёти навбатиро дар ҳуҳуд ноҳияи Дарвози ВМКБ, ки бо вилояти Бадахшони ҶИА ҳамсарҳад аст, дар вақти амалӣ намудани хабари оперативӣ, аз муомилоти ғайриқонунӣ 152 кг афюнро мусодира намуданд.
Гуфта мешавад, барои содир кардани ҷиноятҳои мухаддиротии мазкур 4 нафар шаҳрвандони ҶТ дастгир карда шуданд. Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. 4 нафар дастгиршудагон ба Ттавқифгоҳи нигаҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд.


