Фахриддин Худойбердиев, адвокати рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоилов, ки аз ҷониби давлат ройгон пешниҳод шудаааст, аз болои чораи пешгирии интихобшуда нисбати зерҳимояаш шикоят бурданист.
«Ман аз болои ин қарори суд шикоят бурданиам, зеро кӯдакони хурдсоли сесолаву семоҳа ва ҳамчунин хоҳари маъюби 73-солааш таҳти таъминоти ӯ қарор доранд», – таъкид дошт Худойбердиев ва илова намуд, ки алҳол зерҳимояаш дар тавқифгоҳи муваққатии ШВКД дар ноҳияи Ашт нигаҳдорӣ мешавад.
Дар идораи ҳафтавори «Нигоҳ» изҳор намуданд, ки барои Исмоилов адвокат киро накардаанд. Котиби масъули ҳафтавор Эраҷи Амон дар ин робита гуфт: «Овозаҳои гӯё аз ҷониби мо барои журналист Маҳмадюсуф Исмоилов киро кардани адвокат асоси воқеъӣ надоранд».
«Маҳмадюсуф Исмоилов корманди эҷодии ҳафтавори мо нест, ӯ муддати ду сол аст, ки ба сифати паҳнкунандаи газетаи мо дар вилояти Суғд фаъолият дошта, мо аз ӯ миннатдорем, ки пас аз оғози фаъолияташ ҳаҷми фурӯши ҳафтавори мо дар қаламрави вилояти Суғд 70% афзуд ва ба ин натиҷа ӯ ба осонӣ муваффақ нашудааст, зеро гурӯҳҳои бозори ВАО-ро таҳти назорат қарордошта давр минтақаи шимол ба ӯ муқовимат нишон дода, дар ин робита ӯ чандин муноқишаҳоро паси сар намудааст», – иброз дошт мусоҳиб.
Ба қавли Эраҷи Амон, се рӯз қабл аз боздошт нафарони муайяне ба Исмоилов таҳдидҳо кардаанд ва кормандони ҳафтавори «Нигоҳ» аз ин огоҳӣ доштаанд. «Мо ҳанӯз аз ҷузъиёти масъала огоҳ нестем, зеро кормандони милисаи ноҳияи Ашт посухи мушаххасе ба мо надоданд ва агар боздошти ӯ ба паҳнкунии ҳафтавори мо рабт дошта бошад, мо ҳатман тавассути АМВАОМТ (НАНСМИТ) адвокат киро мекунем», – зикр кард котиби масъули ҳафтавор.
Эраҷи Амон ҳамчунин мегӯяд, нисбати Исмоилов ин кор барқасдона сурат гирифтааст, зеро ӯ қаблан ҳам бо мақомоти милисаву прокураура ва ҳукуматдорони ноҳияи мазкур мушкилиҳо дошт. «Мо маълумоте дар даст дорем, ки шахси машғул ба фаъолият дар бозори фурӯши рӯзномаҳо дар вилояти Суғд бо милисаҳо алоқа дошта, худаш низ собиқ корманди милиса аст. Ду нафар зане, ки бо аризаи онҳо Исмоилов боздошт шуд, дар маҳалла аз ҳеҷ обрӯву мартаба бархӯрдор набуда, писари яке аз онҳо ба ҷинояти таҷовуз ба номус даст дорад ва онҳо бо милисаҳо муносибати махсус доранд. Ба андешаи мо, ин 100% боздошти фармоишӣ мебошад», – изҳор намуд Эраҷи Амон.
Эраҷи Амон ҳамзамон таъкид намуд: «Муддати ду соли ахир ҳеҷ як маводи Маҳмадюсуф Исмоилов дар ҳафтавор нашр нашудааст, вале мо ҳама огоҳем, ки қаблан ӯ ҳақиқатро менавишт ва ҳукуматдорони ноҳияи Аштро танқид мекард».
Қобили зикр аст, ки чанде қабл Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба боздошти собиқ журналисти назетаи «Нури зиндагӣ» дар ноҳияи Ашт Маҳмадюсуф Исмоилов
изхороти расмӣ пахш намуд.
Ёдрас мекунем, ки аз моҳи ноябри соли соли 2010 Маҳмадюсуф Исмоилов муддати 11 моҳ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳти ҳабси пешакӣ қарор гирифта буд. Ӯ дар содир наудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 135 (Тӯҳмат), 136 (Таҳқир), 189, қ. 2 (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) ва 250 (Тамаъҷӯӣ) гумонбар дониста шуда буд.
Моҳи октябри ҳамон сол дар бинои тавқифгоҳи муваққатии № 2-и шаҳри Хуҷанд мурофиаи судӣ баргузор шуда, бо қарори суд журналист аз рӯи тамоми моддаҳои дар боло зикршуда гунаҳкор дониста шуд. Суд ӯро дар ҳаҷми 50 ҳазору 500 сомонӣ ҷаримабандӣдӣ намуда, аммо бо назардошти муддати 11 моҳ дар ҳабс қарор доштани ӯ, ҳаҷми ҷарима ба миқдори 17 ҳазору 500 сомонӣ кам ва 33 ҳазор сомониро ташкил дода буд. Ҳамчунин ӯ аз ҳуқуқи машғул гардидан ба фаъолияти рӯзноманигорӣ ба муддати 3 сол маҳрум гардида, аз толори суд озод шуда буд.


