Русия барои бозгашти тоҷикони дар Абхазистон дармонда мусоидат мекунад

Дата:


Русия ба истилоҳ коридори муваққат кушоданист, ки тавассути он шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз қаламрави Абхаозистон тариқи гузаргоҳҳои воқеъ дар вилояти Краснодар ба ватан баргарданд.

Тавре ба «АП» сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, имрӯз дар қаламрави Абхазистон беш аз 30 шаҳрванди ҶТ қарор доранд, ки вуруди онҳо ба Русия мутобиқи қавонини ин давлат манъ аст.

Ба қавли Эгамзод, тоҷикистониёни дар Абхазистон дармонда аз қабили шаҳрвандоне мебошанд, ки марзи давлатии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Абхазистонро убур кардаанд, аммо марзбонони рус ба онҳо иҷозаи бозгашт ба кишварро намедиҳанд.

«Барои ҳалли масъалаҳои марбут ба тартиби рафтуомади транзитии ин шаҳрвандон тавассути қаламрави Русия, маъмулан вақт лозим аст ва ин масъалаҳоро фақат ниҳодҳои марбутаи ФР дар ҳамдастӣ бо сафорати давлати хориҷӣ дар Русия, аз ҷумла Тоҷикистон низ ҳал карда метавонанд. Онҳо тибқи тавофуқоти ба муддати муайян ба истилоҳ коридореро мекушоянд, то ин ки шаҳрвандони хориҷӣ тавассути он ба ватан баргарданд»,- эзоҳ дод ӯ.

Эгамзод таъкид кард, ки сафорати ҶТ дар ФР дар мавриди ин қазия бо Вазорати умури хориҷии ФР ва дигар ниҳодҳои марбутаи Русия кори калонро бурда истодааст.

Дар ҳоли ҳозир Хадамоти консулгарии сафорат ба ҳалли кулли масоили марбут ба тартиби созмондиҳии ин раванд машғул аст.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное