Гурӯҳи навбатии тоҷикон аз Маскав истирдод шуданд

28-уми июн гурӯҳи иборат аз шаш нафар аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бо қарори додгоҳҳои марбута барои нақзи қоидаҳои будубош дар қаламрави Русия аз Маскав ба Душанбе истирдод шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтаи матбуоти Хадамоти мухоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, шаҳрвандони бо қарори додгоҳ истирдодшудаи  Тоҷикистон – Асрор Афсахов, Лола Абдуқаҳҳорова, Аскар Назармаҳмадов, […]

Аваз Юлдашев


28-уми июн гурӯҳи иборат аз шаш нафар аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бо қарори додгоҳҳои марбута барои нақзи қоидаҳои будубош дар қаламрави Русия аз Маскав ба Душанбе истирдод шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтаи матбуоти Хадамоти мухоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, шаҳрвандони бо қарори додгоҳ истирдодшудаи  Тоҷикистон – Асрор Афсахов, Лола Абдуқаҳҳорова, Аскар Назармаҳмадов, Гулчеҳра Ҳаитова, Маҳмуд Холбеков ва Абдуллоҷон Мӯъминов аз ин пас ҳуқуқи вуруд ба Русияро дар муддати панҷ соли оянда надоранд.

«Шахрвандони истирдодшудаи Тоҷикистон бо сабабҳои мухталиф аз қаламрави Русия бадар карда шудаанд. Адами сабти номи расмӣ, шаҳодатномаи кор, қайди ҷои зист аз ҷумлаи сабабҳои истирдодашон зикр мегарданд»,- қайд кард манбаъ.

Зимнан намояндаи Хадамоти муҳоҷирати ҶТ бори дигар аз муҳоҷирони эҳтимолии меҳнатӣ хост, пеш аз сафар ба Русия қоидаи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ин кишварро омӯзанд.

«Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва бахшҳои зертобеъяш дар ҷойҳо ба муҳоҷирони эҳтимолии меҳнатӣ кӯмаки машваратӣ мерасонанд ва онҳоро бо қоидаҳои будубош дар қаламрави дигар давлатҳо ошно месозанд»,- таъкид кард манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.