Баргузории анҷумани навбатии тоҷикони ҷаҳон дар Душанбе

Аз 5-ум то 10-уми сентябр дар Душанбе анҷумани ҳаштуми ҷамъияти тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон баргузор мегардад. Ба ин чорабинӣ намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон аз ҷамоҳири пасошӯравӣ, кишварҳои Осиё, Аврупо ва Амрико даъват шудаанд. Тавре як манбаи мӯътамад аз ҳукумати кишвар ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, масъалаи омодагӣ ва баргузории анҷуман дар рафти ҷаласаи баргузоршудаи ҳукумати Тоҷикистон […]

Аваз Юлдашев


Аз 5-ум то 10-уми сентябр дар Душанбе анҷумани ҳаштуми ҷамъияти тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон баргузор мегардад.

Ба ин чорабинӣ намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон аз ҷамоҳири пасошӯравӣ, кишварҳои Осиё, Аврупо ва Амрико даъват шудаанд. Тавре як манбаи мӯътамад аз ҳукумати кишвар ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, масъалаи омодагӣ ва баргузории анҷуман дар рафти ҷаласаи баргузоршудаи ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ гардид.

«Меҳмонон ва иштирокдорони анҷуман аз тамоми манотиқи Тоҷикистон боздид карда, дар барномаи густардаи анҷумани мазкур ширкат меварзанд. Ғайр аз он, 9-уми сентябр вохӯрии онҳ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барномарезӣ шудааст»,-қайд намуд манбаъ.

Ба қавли ӯ, донишмандони машҳури тоҷик, сиёсатмадорон, соҳибкорону тоҷирон, намояндагони зиёиёни эҷодкор, ки дар хориҷи кишвар истиқомат доранд, аз ҷумлаи меҳмонони ин анҷуман маҳсуб мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки анҷумани ҳафтуми ҷамъияти тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон сентябри соли 2008 дар Душанбе доир гардида буд. Раиси ҷамъият Эмомалӣ Раҳмон-президенти Тоҷикистон аст.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.