Русия барои бозгашти тоҷикони дар Абхазистон дармонда мусоидат мекунад

Русия ба истилоҳ коридори муваққат кушоданист, ки тавассути он шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз қаламрави Абхаозистон тариқи гузаргоҳҳои воқеъ дар вилояти Краснодар ба ватан баргарданд. Тавре ба «АП» сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, имрӯз дар қаламрави Абхазистон беш аз 30 шаҳрванди ҶТ қарор доранд, ки вуруди онҳо ба Русия мутобиқи қавонини […]

Аваз Юлдашев


Русия ба истилоҳ коридори муваққат кушоданист, ки тавассути он шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз қаламрави Абхаозистон тариқи гузаргоҳҳои воқеъ дар вилояти Краснодар ба ватан баргарданд.

Тавре ба «АП» сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, имрӯз дар қаламрави Абхазистон беш аз 30 шаҳрванди ҶТ қарор доранд, ки вуруди онҳо ба Русия мутобиқи қавонини ин давлат манъ аст.

Ба қавли Эгамзод, тоҷикистониёни дар Абхазистон дармонда аз қабили шаҳрвандоне мебошанд, ки марзи давлатии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Абхазистонро убур кардаанд, аммо марзбонони рус ба онҳо иҷозаи бозгашт ба кишварро намедиҳанд.

«Барои ҳалли масъалаҳои марбут ба тартиби рафтуомади транзитии ин шаҳрвандон тавассути қаламрави Русия, маъмулан вақт лозим аст ва ин масъалаҳоро фақат ниҳодҳои марбутаи ФР дар ҳамдастӣ бо сафорати давлати хориҷӣ дар Русия, аз ҷумла Тоҷикистон низ ҳал карда метавонанд. Онҳо тибқи тавофуқоти ба муддати муайян ба истилоҳ коридореро мекушоянд, то ин ки шаҳрвандони хориҷӣ тавассути он ба ватан баргарданд»,- эзоҳ дод ӯ.

Эгамзод таъкид кард, ки сафорати ҶТ дар ФР дар мавриди ин қазия бо Вазорати умури хориҷии ФР ва дигар ниҳодҳои марбутаи Русия кори калонро бурда истодааст.

Дар ҳоли ҳозир Хадамоти консулгарии сафорат ба ҳалли кулли масоили марбут ба тартиби созмондиҳии ин раванд машғул аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.