Ба раҳбарияти БДА ва «Воҳиди махсус» вазир се моҳ муҳлат дод

spot_imgspot_img

Дата:


Ахири ҳафтаи гузашта дар назди вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ҷаласаи фаврӣ доир ба фаъолияти хизматии Раёсати БДА ва Воҳиди махсуси ВКД ҶТ оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, вазир қайд кард, ки бинобар сабаби мавриди интиқод қарор гирифтани фаъолияти кормандони БДА ва Воҳиди махсуси ВКД аз ҷониби шаҳрвандон, арзу шикояти ронандагони воситаҳои нақлиёт тавассути воситаҳои ахбори умум, алалхусус нашри хабару мақолаҳои танқидӣ дар рӯзномаву ҳафтаномаҳо, муроҷиати онҳо ба воситаи сомона ва почтаи электронии вазорат, ин масъала ба таври ҷиддӣ мавриди муҳокимаи роҳбарияти Вазорат қарор мегирад.

«Рамазон Раҳимов ба кормандони БДА ва Воҳиди махсуси ВКД ҷиҳати роҳ надодан ба  муносибату муоширати дағалона нисбат ба шаҳрвандон, пешгирии ҳолатҳои ришваситонӣ, риояи тартибу низом ва азхуд кардани малакаи касбӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши кормандон ва зери назорати қатъӣ  гирифтани супоридани имтиҳон ва додани ҳуҷҷатҳои ронандагӣ супоришҳои мушаххас дод», – зикр мегардад дар иттилоъ.

Гуфта мешавад, Рамазон Раҳимов барои гузаронидани ротатсия ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта барои кормандони БДА-и шаҳри Душанбе ва Воҳиди махсус се моҳ мӯҳлат муайян карда изҳор намуд, ки дар сурати дар ин муддат ислоҳ нашудан нисбати онҳо чораҳои қатъӣ, аз ҷазои интизомӣ то озод намудан аз вазифа андешида мешавад.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...