Ба раҳбарияти БДА ва «Воҳиди махсус» вазир се моҳ муҳлат дод

Ахири ҳафтаи гузашта дар назди вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ҷаласаи фаврӣ доир ба фаъолияти хизматии Раёсати БДА ва Воҳиди махсуси ВКД ҶТ оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр баргузор гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, вазир қайд кард, ки бинобар сабаби мавриди интиқод […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта дар назди вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ҷаласаи фаврӣ доир ба фаъолияти хизматии Раёсати БДА ва Воҳиди махсуси ВКД ҶТ оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, вазир қайд кард, ки бинобар сабаби мавриди интиқод қарор гирифтани фаъолияти кормандони БДА ва Воҳиди махсуси ВКД аз ҷониби шаҳрвандон, арзу шикояти ронандагони воситаҳои нақлиёт тавассути воситаҳои ахбори умум, алалхусус нашри хабару мақолаҳои танқидӣ дар рӯзномаву ҳафтаномаҳо, муроҷиати онҳо ба воситаи сомона ва почтаи электронии вазорат, ин масъала ба таври ҷиддӣ мавриди муҳокимаи роҳбарияти Вазорат қарор мегирад.

«Рамазон Раҳимов ба кормандони БДА ва Воҳиди махсуси ВКД ҷиҳати роҳ надодан ба  муносибату муоширати дағалона нисбат ба шаҳрвандон, пешгирии ҳолатҳои ришваситонӣ, риояи тартибу низом ва азхуд кардани малакаи касбӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши кормандон ва зери назорати қатъӣ  гирифтани супоридани имтиҳон ва додани ҳуҷҷатҳои ронандагӣ супоришҳои мушаххас дод», – зикр мегардад дар иттилоъ.

Гуфта мешавад, Рамазон Раҳимов барои гузаронидани ротатсия ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта барои кормандони БДА-и шаҳри Душанбе ва Воҳиди махсус се моҳ мӯҳлат муайян карда изҳор намуд, ки дар сурати дар ин муддат ислоҳ нашудан нисбати онҳо чораҳои қатъӣ, аз ҷазои интизомӣ то озод намудан аз вазифа андешида мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.