Баррасии мушкилоти нуфуси кишварҳои ОМ дар Женева

Дар конфронси минтақавӣ бахшида ба афзалиятҳо дар самти нуфус (аҳолӣ) дар кишварҳои Аврупо, Осиёи Марказӣ ва Амрикои Шимолӣ, ки имрӯз дар Женева ба кор шурӯъ мекунад, масоили афзоиши нуфус ва рушди устувор дар асри XXI баррасӣ мешаванд. Бино ба иттилои радиои СММ, дар кори конфронс беш аз 200 нафар коршиносони воломақоми ҳукуматҳо, вакилони парлумони кишварҳо, […]

ASIA-Plus


Дар конфронси минтақавӣ бахшида ба афзалиятҳо дар самти нуфус (аҳолӣ) дар кишварҳои Аврупо, Осиёи Марказӣ ва Амрикои Шимолӣ, ки имрӯз дар Женева ба кор шурӯъ мекунад, масоили афзоиши нуфус ва рушди устувор дар асри XXI баррасӣ мешаванд.

Бино ба иттилои радиои СММ, дар кори конфронс беш аз 200 нафар коршиносони воломақоми ҳукуматҳо, вакилони парлумони кишварҳо, муҳаққиқони бахши нуфус, намояндагони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонон ширкат варзида, атрофи ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи солимии репродуктивӣ, ҷанбаҳои нобаробарӣ, ҳамгиройии иҷтимоӣ ва ҳуқуқи башар табодули назар хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи Барномаи амали дар Конфронси байнулмилалии нуфуси ҳанӯз соли 1994 дар Қоҳира қабулшуда, Тоҷикистон ҳамроҳи 179 кишвари дунё ба то соли 2015 кӯшиш ба харҷ додан ҷиҳати коҳиши сатҳи маргумири модарон ба миқдори 75%, ноил гардидан ба ду баробар кам шудани ҳалокати тифлон, паҳншавии бемории СПИД, афзоиши давомнокии ҳаёт, таъмини дастрасии умум ба хизматгузориҳо дар бахши солимии репродуктивӣ, барҳам додани нобаробарии гендерӣ дар соҳаи маориф ва коҳиши мизони фақр розигӣ дода буд.

Бино ба маълумоти ахири Агентии омори назди президеннти ҶТ, тайи 15 соли ахир ҳолатҳои маргумири кӯдакон дар ҷумҳурӣ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. Масалан, нишондиҳандаи маргумири тифлон дар зарфи 5 соли ахир 34 ҳолат ба 1 ҳазор нафар аҳолиро ташкил медиҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки 15 сол қабл он ба 56 ҳолат ба 1 ҳазор нафар аҳолӣ рост меомад.

Бино ба маълумоти UNFPA (Бунёди нуфуси СММ), мизони маргумири модарон дар Тоҷикистон ба соли 2012 қариб 40% коҳиш ёфта, шумораи таваллуд дар муассисаҳои тандурустӣ 90% афзудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.