Муаррифии дастур барои котибони матбуотӣ ва журналистон

Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) имрӯз як дастури нав таҳти унвони «Ҳокимият ва матбуот: ҳамкории мутақобилаи хадамоти матбуотии мақомоти давлатӣ бо ВАО»-ро барои котибони матбуотӣ ва журналистон муаррифӣ кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии АМВАОМТ, дастури дар пешорӯи оғози нишастҳои хабарии нимсолаи вазорату идораҳо чопшуда ҷиҳати дастрасии хубтар ба сарчашмаҳои расмии маълумот […]

ASIA-Plus


Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) имрӯз як дастури нав таҳти унвони «Ҳокимият ва матбуот: ҳамкории мутақобилаи хадамоти матбуотии мақомоти давлатӣ бо ВАО»-ро барои котибони матбуотӣ ва журналистон муаррифӣ кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии АМВАОМТ, дастури дар пешорӯи оғози нишастҳои хабарии нимсолаи вазорату идораҳо чопшуда ҷиҳати дастрасии хубтар ба сарчашмаҳои расмии маълумот мусоидат намуда, тарзи мунтазами амалкард оид ба беҳбуди ҳамкории мутақобила миёни хадамотҳои матбуот ва ВАО-ро таъмин мекунад.

«Дар дастур ба нақши хадамоти матбуоту сухангӯёни вазорату идора ва корхонаву муассисаҳо, сифату малакаи кории онҳо ва доираи масъулияту вазифаи онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, меъёрҳои ҳуқуқии қонунгузории ҶТ, ки ҳолатҳои дастрасӣ ба маълумотро танзим мекунанд, ба таври дастрасу фаҳмо барои ҳамагон дарҷ шудаанд, то ки хонандагон дар бораи зарурати шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, дастрасӣ ба маълумот ва дигар масоили марбут ба пешбурди равандҳои демократӣ ва таҳкими ҳокимияти мардум тавассути амалисозии сиёсати иттилоотии давлат ахбор ба даст оварда тавонанд», – зикр мегардад дар иттилои АМВАОМТ.

Қобили зикр аст, ки дастури мазкур аз ҷониби АМВАОМТ бо дастгирии International Media Support (Дания) дар доираи амалисозии лоиҳаи «Тавсеъаи дастрасӣ ба маълумоти боэътимод аз ҳукумат» ба нашр расид. Дар ҷараёни таҳияи дастур аз маводи қаблан таҳияшудаи АМВАОМТ дар ҳамдастӣ бо муҳаққиқони Русияву Қазоқистон ва Тоҷикистон низ истифода шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.