ҲДТ: Номзадамонро ба интихобот ҳоло муайян накардаем

Ҳизби демократии Тоҷикистон то ба имрӯз номзадаш ба маъракаи интихоботи президентии тирамоҳи соли равонро муайян накардааст. Раиси ҲДТ Саидҷаъфар Исмонов дар суҳбат бо хабарнигор ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон ҳизби таҳти раҳбарии ӯ қарордошта воситаҳои гуногуни иштирок дар маъракаи интихоботи президентиро мавриди баррасӣ қарор дорад. «Қарори дастгири ин ё он […]

Аваз Юлдошев


Ҳизби демократии Тоҷикистон то ба имрӯз номзадаш ба маъракаи интихоботи президентии тирамоҳи соли равонро муайян накардааст.

Раиси ҲДТ Саидҷаъфар Исмонов дар суҳбат бо хабарнигор ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон ҳизби таҳти раҳбарии ӯ қарордошта воситаҳои гуногуни иштирок дар маъракаи интихоботи президентиро мавриди баррасӣ қарор дорад.

«Қарори дастгири ин ё он номзад дар интихоботро анҷумани ҳизб қабул мекунад, ки пас аз эълони санаи баргузории маъракаи интихоботи сарвари давлат баргузор мешавад», – таъкид кард Исмонов.

Ба қавли раиси ҲДТ, ояндаи наздик анҷумани бахшҳои ҳизб дар вилоятҳои Хатлону ВМКБ даъват гардида, дар он масоили дохилиҳизбие, ки баъди баргузории анҷумани фавқулодаи ҳизб дар моҳи декабри соли гузашта рӯйи кор омада ва ба мақомоти раҳбарии ҳизб шахсони дигар таъин шуданд,, баррасӣ хоҳанд шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.