С. Амиршоева: Духтарони тоҷик бояд танҳо бо мусулмонҳо оила барпо кунанд

Date:

Вакили парлумони Тоҷикистон Саодат Амиршоева зидди хонадоршавиии духтарони тоҷик бо ғайримусулмонҳо мебошад.

Мавсуф бо таъкид ба анъанаҳои миллӣ ва суннатҳои мардумӣ қайд кардааст, ки ин хонадоршавӣ метавонад  генофонди миллат таъсири манфӣ дошта бошад.

«Ман ба муқобили он ҳастам, ки духтарони ҷавон бо намояндагони динҳои дигар ва миллатҳои гуногун – рус, чинӣ ва дигар халқиятҳо оила барпо кунанд, ки ба анъана ва суннатҳои миллии мо манфиат намоваранд,- мегӯяд вакили Маҷлиси Намояндагон Амиршоева. – Ҳатто агар маро миллатгаро хонанд, ман ба муқобили ин гуна хонадоршавиям».

Аммо ӯ натавонист посух диҳад, ки оё оиладоршавӣ бо намояндаи миллати дигар, ки исломро қабул кардаасту дар Тоҷикистон умр ба сар мебарад ба генафонди миллат таъсир мегузорад ё на.

«Инро аз муллоҳо бипурсед. Онҳо мегӯянд, ки агар намояндагони миллати дигар исломро қабул карда бошад, хонадоршавӣ бо тоҷикдухтар мумкин аст ё не. Ман ба ҳамаи миллатҳо ва мазҳабҳо эҳтиром мегузорам. Фикр мекунам, ки марди мусалмон метавонад бо хонумҳои мазҳаби дигар оила барпо кунад. Аммо ман муқобили он ҳастам, ки духтарони тоҷики мусалмон бо намояндагони дини дигард, алалхусус бо чиниҳо оила барпо кунанд»,- таъкид дошт Амиршоева. 

«Мо миллат, анъана, суннат ва маросимҳои хоси худро дорем. Шариат ва Ислом, ки мо онро ташаккул доданием, агар инро дигарҳо риоя намекунанд, ба онҳо набояд ба шавҳар бароем – чунин меҳисобад Амиршоева». Вакили парлумон гуфтааст, ки бояд дар байни мардум идеяи мазкур таблиғ карда шавад, то генафонди миллат ҳифз гардад.

Амиршоева таъкид дошт, ки ҳеҷ гуна қонуни алоҳида дар бораи боздоштани ин гуна хонадоршавӣ қабул карда намешавад, зеро ҷомеаи мо ҳомии демократия аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Таблиғот ва рӯҳияи бегонаситезӣ”. Омили муассири куштори Қобилҷон Алиев дар Русия чӣ аст?

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷиноятҳои мудҳиш дар заминаи...

Юсуфшо Яъқубов: Ҷойи Раҳим Масов холӣ аст

Чанд сол аст, бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод доранд,...

Оё оташбас поёни ҷанг аст? Сабақҳо аз ҷанги Исроил бо Эрон

Даргирие, ки 13-уми июн бо ҳуҷуми ногаҳонии Исроил ба...

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст....