Таъсиси гурӯҳи кории ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои иштирок дар интихобот

Date:


Ахзоби сиёсии мухолиф ва намояндагони ҷомеаи шахрвандӣ барои иштирок дар интихоботи президентӣ гурӯҳи кориеро таъсис доданд.

Ин қарор зимни ҷаласа дар дафтари кории ҲНИТ 2-юми июл қабул шудааст. Ба ин гурухи корӣ раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров, муовини ҲСДТ Шокирҷон Ҳакимов, ходими сиесӣ ва динӣ Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, намояндагони коллегияи адвокатҳои Душанбе ва ходимони дигари ҷамъиятӣ шомил шуданд.

Дар ҷаласа ҳамчунин қарор шуд, ки дар шабакаи иҷтимоии Facebook гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад, то муайян гардад, ки мардум чӣ гуна президентро мехоханд бубинанд. «Он ҷо набояд таҳқир ва истифодабарони анонимӣ ҷой дошта бошанд. Ҳадафи асосӣ – муайян намудани симои президенте мебошад, ки ӯро халқ мехоҳад чун рахбари худ бубинад», – қайд карданд иштрокчиёни ҷаласа.

Зимни баромади худ раҳбари ҲНИТ гуфт, ки мақсади ҳамаи аҳзоб ва ҳаракатҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар фаъолони шаҳрвандии Тоҷикистон – бунёд намудани давлати ҳуқуқбунёду демократӣ мебошад. Ӯ гуфт, ки дар доираи фаъолияти гурӯҳи корӣ пайваста ҷаласаҳо баргузор мегарданд. Ба қавли Кабирӣ номзад ба курсии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд барномаеро дошта бошад, ки ба манфиатҳои ҲНИТ, Ҳизби Коммунистӣ, ҲСДТ ва шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат намояд.

Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова қайд кард, ки аҳзоби сиесӣ набояд бо як номзад маҳдуд шаванд. Ба ақидаи ӯ, бояд якчанд номзад бо барномаҳои гуногуни худ пешбарӣ шаванд ва ҳар яе ҳизби сиесӣ барномаи худро пешниҳод намояд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related