Ҳамла ба филиали бонк дар Файзобод: посбон кушта шуд

spot_imgspot_img

Дата:


Шоми рӯзи якшанбе дар ноҳияи Файзобод посбони филиали яке аз бонкҳои калонтарини мамлакат кушта шуд. 

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сокинони манзилҳои минтақаи атрофи бинои бонк хабар доданд, дар натиҷаи ҳамлаи ашхоси номаълум шоми рӯзи 7-уми июл посбони филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар ноҳияи Файзобод ба қатл расонида шуд. 

Ҷинояткорон яроқи посбони бонкро бо худ гирифта, аз чойи ҳодиса фирор карданд. Ба гуфтаи шоҳидон, тамоми шаб маркази ноҳияи Файзобод таҳти назорати шадиди  кормандони мақомоти милитсия қарор дошт.  

Манобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин хабарро рад накарда, таъкид сохтанд, ки оид ба ин ҳодиса дар фурсати наздиктарин маълумоти расмӣ интишор мешавад.  

Айни замон мушаххас нест, ки ба ҳамлагарон рабудани маблағи бонк муяссар шудааст ё на. Дар хусуси дар кадом самт фаъолият бурдани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ оид ба ин ҳодиса хабаре дар даст нест.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...