Н. Саидов: Дар давраи имтиҳоноти дохилшавӣ фақат як ҳолати ришва ба қайд гирифта шудааст

spot_imgspot_img

Дата:


Боздошти мудири кафедраи забони русӣ ва адабиёти Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд Ҷаннат Усмонова аснои гирифтани маблағ дар ҷойи ҳодиса ягона ҳолати фасод аст, ки дар низоми маориф дар давраи имтиҳоноти имсолаи дохилшавӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Нуриддин Саидов, вазири маорифи кишвар рӯзи 8-уми июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

«Ман аллакай роҷеъ ба қазияи Усмонова бо муовинони раиси вилояти Суғд ва директори Коллеҷи омӯзгорӣ сӯҳбат кардам. Мутаассифона, ин ҳолат бо омӯзгоре рӯй дод, ки 40 сол собиқаи корӣ доштааст. Ман дар бораи ин қазия ба андозаи намояндагони расонаҳои хабарӣ воқифам», – иброз дошт вазир.

Саидов гуфт, ки соли ҷорӣ ҳолатҳои дигари фасод ба қайд гирифта нашудаанд. Ба қавли вазир, сарфи назар аз чунин маълумот, ӯ медонад ва мефаҳмад, ки имрӯз маҳз фасод яке аз мушкилоти доғ дар низоми маориф боқӣ мемонад.

Тавре мавсуф иброз дошт: «Ҳарчанд сатҳи ҳолатҳои ришвахорӣ сол то сол рӯ ба коҳиш ниҳода истода бошад ҳам, аммо мо наметавонем яқин гӯем, ки фасод дар низоми маориф дида намешавад. Чунки, тавре шумо мефаҳмед, низоми маориф калонтарин соҳа маҳсуб мешавад ва барои аз байн бурдани равзанаҳои фасод вақту заҳмати зиёд лозим аст».

Ба қавли Саидов, вазорат аллакай чандин усули ҷилавгирӣ аз амалиёти ришвахориро дарёфт кардааст. Яке аз усулҳое маъруф дар хориҷа гузаронидани имтиҳоноти дохилшавии мутамарказонида ба шумул меравад. Вазир чунин меҳисобад, ки дар ҳоли ин тарзи фаъолият Маркази миллии тестӣ расман соли оянда роҳандозӣ шуда, барои фасод ҷой нахоҳад монд.

Ба суоли рӯзноманигорон, ки оё паст будани маоши омӯзгорони мактабҳо ва донишгоҳҳо иллати асосии фасод дар низоми маориф нест, Саидов гуфт, имсол аз буҷаи давлат барои соҳаи маориф 2 миллиарду 130 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.

«Тибқи паёми моҳи апрелии президент ба порлумони кишвар, соли 2012 музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ба 60% баланд бардошта шуд. Имсол, ба қавли раисиҷумҳур, бояд музди меҳнати омӯзгорони макотиби таҳсилоти умумӣ боз ба 30% баланд бардошта шавад», – иброз дошт вазир.

Дар робита Саидов изҳори боварӣ кард, ки сол аз сол вазъи соҳаи маориф рӯ ба беҳбудӣ хоҳад ниҳод. 

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...