Тоҷикистон созишномаи истифодаи осоиштаи нерӯи ҳастаиро мавриди омӯзиш қарор додааст

spot_imgspot_img

Дата:


Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон


бо Русия


масъалаи имзои Созишнома оид ба


ҳамкорӣ дар соҳаи нерӯи ҳастаӣ бо мақсад


ҳои


истифодаи осоиштаи онро мувофиқа мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дар Вазорати энергетика ва саноат хабар доданд, созишномае, ки аз 15 модда иборат аст, ҳоли ҳозир мавриди омӯзиши ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Дар Вазорат дақиқ накарданд, ки баррасӣ ва худи имзои созишнома кай анҷом меёбад.

Созишномаи мазкур қарордоди муҳими байни Русия ва Тоҷикистон барои оғози раванди рекултиватсияи партовҳои ураниюм дар қаламрави Тоҷикистон ба шумул меравад.

Дар мулоқоти ахири нахуствазири Русия Дмитрий Медведев бо вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ дар чаҳорчӯбаи Конфаронси байналмилалии «Нерӯи ҳастаӣ дар қарни 21», ки охири моҳи июн дар Санкт-Петербург доир гардид, ҷониби Русия ба ҷонибдории имзои ҳарчи зудтари созишномаи мазкур баромад кард ва сарвазир Медведев ба ҷониби Русия супориш дод корро дар ин самт бо Тоҷикистонҷљоннок кунанд.

Барномаи байналмилалии ҳадафманди «Рекултиватсияи қаламравҳои давлатҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС), ки зери таъсири саноати истихроҷи ураниюм қароргирифта» 24-уми ноябри соли 2008 аз тарафи Комиссияи намояндагони доимии ЕврАзЭС тасвиб шуд. Бар асоси ин консепсия тарҳи барнома коркард шуд.

Федератсияи Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирокдорони ин барнома маҳсуб мешаванд. Ширкати давлатии нерӯи ҳастаӣ – «Росатом» фармоишгар ва ҳамоҳангсози барнома мебошад.

Барнома дар қаламравҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон татбиқ хоҳад шуд. Русия 75%-и маблағгузории ин барномаро ба зимма гирифтааст ва он бояд 1-уми январи соли 2013 роҳандозӣ мешуд. Дар маҷмӯъ барои ин барнома, ки ба шаш сол, яъне то соли 2018 ба нақша гирифта шудааст, $38,5 млн. ҷудо карда хохад шуд, ки аз ин миқдор маблағ 15%-ро Қазокистон ва  5 фисадияшро Қирғизистону Тоҷикистон ҷудо мекунанд.

Мақсади асосии барнома коҳиши хатарҳои сар задании ҳолатҳои фавқулодда  дар пайи олоишоти ҳастаӣ дар қаламравҳои давлатҳои узви ЕврАзЭС, ки зери таъсири корхонаҳои истихроҷ ва коркарди дубораи  ураниюм қарор гирифтаанд, ислоҳи технологияҳои корҳои рекултиватсионӣ, инчунин таъмини шартҳои бехатари будубош ва тавонбахшии иҷтимоии аҳолӣ дар ин манотиқ аст.

Дар натиҷаи татбиқи барномаи мақсаднок коҳиши сатҳи ифлосшавии радиатсионии ҳудудҳои зери таъсири корхонаҳои ураниюм қароргирифта, коҳиши майдонҳои манотиқи олудаи радиатсия пешбинӣ мешавад. 

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...