Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ д
ар доираи сафари расмии худ ба Зеландияи Нав 8-уми июл дар шаҳри Окланд бо роҳбарияти Намояндагии тиҷоратии ин кишвар – New Zealand Trade and Enterprise NZTE ва намояндагони ширкатҳои бузурги
Зеландияи Нав
мулоқот анҷом дод.
Тибқи маълумоти раёсати иттилооти вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар оғози вохӯрӣ ҷониби Зеландияи Нав оид ба имкониятҳои тиҷоратӣ-иқтисодии кишвараш маълумоти муфассал пешниҳод карда, самтҳои эҳтимолии ба роҳ мондани робитаҳои тиҷоратии дуҷонибаро муаррифӣ сохт. Инчунин ҷиҳати барқарор кардани ҳамкориҳои наздик бо Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика, сайёҳӣ ва истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ҳавасмандӣ иброз гардид.
Ба ғайр аз ин, намояндагони Зеландияи Нав омодагии худро ҷиҳати табодули таҷриба дар истеҳсоли энергияи барқароршаванда, коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ ва гӯштӣ таъкид сохтанд.
Дар навбати худ вазири корҳои хориҷии ҶТ роҷеъ ба имкониятҳои Тоҷикистон дар бахшҳои номбаршуда маълумоти пурра пешниҳод карда, доираҳои тиҷорию саноатии Зеландияи Навро ба ҳамкорӣ даъват кард.



