Маош танҳо ба имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ дода мешавад

Кумитаи кор бо дини Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои президенти кишварро дар мавриди музди меҳнати имомхатибон эзоҳ дод. Тавре 9-уми июл дар нишасти матбуотӣ сардори кумита Абдураҳим Холиқов иттилоъ дод, ҳаққи меҳнат танҳо ба имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, ки теъдодашон 265 нафар аст, пешбинӣ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, бисёре аз равияҳои диние, ки дар Тоҷикистон сабти ном шудаанд, […]

Азия-Плюс


Кумитаи кор бо дини Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои президенти кишварро дар мавриди музди меҳнати имомхатибон эзоҳ дод.

Тавре 9-уми июл дар нишасти матбуотӣ сардори кумита Абдураҳим Холиқов иттилоъ дод, ҳаққи меҳнат танҳо ба имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, ки теъдодашон 265 нафар аст, пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, бисёре аз равияҳои диние, ки дар Тоҷикистон сабти ном шудаанд, аз ҷониби идораҳои марказии шахсиашон, ки асосан дар кишвар намояндагии хешро доранд, маблағгузорӣ мешаванд. «Вале имомхатибони мо аз ин ҳама бархурдор набуданд ва ба хотири дастгирии эшон сардори мамлакат бо чунин иқдом баромад кард», – изҳор дошт Холиқов.

Ба гуфтаи ӯ,  муаяйн кардани музди меҳнати расмӣ ба имомхатибон зидди Конститутсияи кишваре, ки дин аз давлат ҷудост, нест.

«Президент Эмомалӣ Раҳмон дар баромади хеш қайд кард, ки вақте имомхатиб ибодат ба ҷо меорад, аҷрашро Худованд ба ӯ медиҳад. Новобаста ба ин, имрӯз имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ инчунин дар тарбияи динии ҷамъият саҳми хешро мегузоранд, ки ин заҳмати эшон дар аксари мамолики мутамаддини ҷаҳон қадр карда мешавад. Барои ҳамин ба Кумитаи кор бо дин ва Вазорати молия супориш дода шуд, ки  вазъ ва роҳҳои таъмини молии имомхатибон дар асоси қонун омӯхта шавад. Ин пешниҳод ба ҳеҷ ваҷҳ зидди талаботи Конститутсия ва қонунгузории Тоҷикистон буда наметавонад. Давлат дар асоси Конститутсияи ва қонуни озодии виҷдон ҳуқуқ дорад ба ташкилоти динӣ мадад расонад», – қайд кард А. Холиқов.

Ӯ инчунин илова кард, ки таҷрибаи мазкур дар як қатор мамолики дунё, аз ҷумла, Федератсияи Россия, ИМА, Миср, Қазоқистон, Гурҷистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо ҷорист, яъне, маош аз ҳисоби буҷаи давлат дода мешавад.

Ба суолҳои рӯзноманигорон, ки оё ин иқдом мазмуни идорашудани динро аз ҷониби двавлат дар назар дорад ё не, Холиқов ҷавоб дод, ки имомхатибон саҳми хешро дар тарбияи мардум мегузоранд, онҳо низ ҳуқуқ ба зиндагиву музди меҳнат доранд.

«Чӣ гуна ихтилофот буда метавонад, ки аз ҷониби давлат ва ташкилот ба онҳо ҳаққи меҳнат ҷудо карда мешавад. Оё бо додани маош ҳуқуқҳои мардум ва ё ташкилоти динӣ поймол мегарданд?  Банда чунин фикр надорам», – гуфт Холиқов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.