Рустам Назаров аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид кард

Сарвари Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров аз 6-ум то 8-уми июл дар сафари хизматӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дошт. Бино ба иттилои торнамои Агентӣ, дар рафти сафари кории худ Назаров ҳисоботи роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати Агентӣ дар ВМКБ-ро оид ба натиҷаҳои корӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ, дар […]

Азия-Плюс


Сарвари Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров аз 6-ум то 8-уми июл дар сафари хизматӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дошт.

Бино ба иттилои торнамои Агентӣ, дар рафти сафари кории худ Назаров ҳисоботи роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати Агентӣ дар ВМКБ-ро оид ба натиҷаҳои корӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ, дар бораи назорати қатъӣ аз болои фаъолияти гурӯҳҳои мутташаккили ҷиноӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ва манотиқи ҳамсарҳад бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баррсӣ кард.

Дар ҷараёни боздид санҷиши омодагии Раёсат ва шӯъбаҳои он дар ноҳияҳои Мурғоб ва Ишкошим ба давраи зимистон гузаронида шуд. Ҳамчунин вазъи хизмати кормандони Агентӣ, ки дар доираи амалиёти ҷумҳуриявии «Кӯкнор – 2013» дар посбонгоҳ ва гузаргоҳҳои назоратии ноҳияҳои Ҷиргатол, Мурғоб, Ишкошим, Рӯшон ва Дарвоз фаъолият мебаранд, аз назар гузаронида шуд.

Дар доираи сафари худ Рустам Назаров дар ҳудуди вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон бо муовини аввали Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Қирғизистон  Ғ. Анарбаев дидору гуфтугӯ кард. Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои мақомоти зиддимухаддиротии ду кишвар ва рафти корҳои қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноӣ муҳокима шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.